IQNA

Маросими намодини ҷанозаи кӯдакони шаҳиди Ғазза дар Ню-Йорк

22:06 - December 29, 2023
рақами хабар: 877
ИКНА -Маросими намодини ҷанозаи кӯдакони шаҳиди Ғазза дар шаҳри "Ню-Йорк"-и Амрико баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар ин иҷтимои эътирозӣ, оташбас дар Навори Ғазза ва поёни бомбаборони вайронгари режими саҳюнистӣ дар ин минтақаро хостор шуданд.

Ба гузориши ИКНА; ба нақл аз хабаргузории Фаластинии «Вафо», садҳо тазоҳуроткунанда, бо пӯшидани либоси сиёҳ ва ҳамли арӯсакҳое, ки нишондиҳандаи кӯдакони шаҳиди Ғазза буданд, дар маросими ташйиъи ҷанозаи намодин дар шаҳри "Ню-Йорк" ширкат карданд ва оташбас дар Ғазза ва поёни бомбаборони вайронгари режими ҷиноятокри саҳюнистӣ дар ин минтақаро хостор шуданд. 

Сафҳои тазоҳуроткунандагон бо садои табл ва ҳамли банере, ки рӯи он навишта шуда буд «Акнун вақти оташбас аст», то майдони «Таймз» воқеъ дар минтақаи машҳури «Манҳеттани» "Ню-Йорк" роҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳуроткунандагон ҳамчунин тасовире аз кӯдакони фаластиние, ки дар ҷараёни ҳамлаи ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ба шаҳодат расидаандро ҳамл карданд.

«Грейс Лил» (64 сола) ва яке аз ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ гуфт: «Мо мехоҳем таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба ин воқеият ҷалб кунем, ки токунун наздик ба 10 ҳазор кӯдаки бидуни эҳтисоби бақияи қурбониён дар Ғазза, дар натиҷаи ин бомбаборон ва ҳамлаи ҳавлнок кушта шудаанд».

Тазоҳуроткунандагон умедворанд битавонанд давлати Амрико ба унвони муттаҳиди аслии режими саҳюнистие, ки токунун ду қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи «оташбаси» башардӯстона дар Ғаззаро вето карда, таҳти фишор қарор диҳанд.

https://iqna.ir/fa/news/4190554

captcha