Ба гузориши ИКНА; Ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Русия Ал-Явм», вазорати дифои Русия бо судури баёнияе аз ифтитоҳи як намозхона дар пойгоҳи ҳавоӣ Ҳамими Русия барои низомиёни мусулмони артиши ин кишвар хабар дод то битавонанд дар Сурия намоз бихонанд.
Бар асосии эъломи ин вузартхона, низомиёни мусулмоне, ки дар артиши Русия хидмат мекунанд, метавонанд дар ин намозхона намоз бихонанд ва ҳамаи маносики диниро дар ин макони ибодӣ баҷой биёваранд.
Вазорати дифои Русия эълом кард, ки ин намозхона дар наздикии маъбади «Ал-Майдонӣ» ва канисаи кӯчак қарор дорад, ки таъкиде бар бародарии низомиёни рус аст, ки бо вуҷуди тафовути динӣ ва эътиқодӣ, дар канори ҳам алайҳи терроризм меҷанганд.
Ин намозхона ба шакли Юрт шабеҳ ба чодар сохта шуда ва ба унвони ҳадияе аз сӯи ҷумҳурии Қазоқистон тақдим шудааст.
Вазорати дифои Русия, ин ҳадияи фавқулода ва арзишманди Қазоқистонро намоди дӯстӣ байни ду кишвари бародар донист ва эълом кард: ин ҳадия бидуни шак дар тақвияти равобит миёни неруҳои низомии Русия бо вуҷуди ихтилоф дар адён саҳим хоҳад буд.