IQNA

Шеваҳои тарбиятии Анбиё; Исо (а)

Тазаккур ва ёдоварии ҳазрати Исо (а)

23:02 - December 30, 2023
рақами хабар: 882
ИКНА - Равиши тазаккурдодан аз ҷумла равишҳои тарбиятӣ аст, ки дар Қуръон ба он ишора шуда. Изофа бар ин худи Худованд ҳам дар қиболи Паёмбаронаш аз ин равиш истифода карда, ки аҳамияти ин масъаларо ду чандон мекунад.

Аз шеваҳое, ки Қуръони Карим ва Паёмбарони илоҳӣ барои даъвати инсонҳо ба сӯи арзишҳои ахлоқӣ ва зудудани ғубори ғафлат аз домони фитрати илоҳӣ онҳо бар он таъкид намудаанд. Шеваи тазаккур аст, ки инсонро дар сайри ба сӯи аҳдофи тарбият ва иттисоф ба сифоти илоҳӣ ёрӣ мекунад.

Тазаккур ба маънои ёдровар шудани чизе аст, ки инсон аз он дар ғафлат аст ё онро ба фаромӯшӣ супурдааст. Муодили мухолифи калимаи зикр ва нисён аст. Нисён яъне аз ёд бурдан ва фаромӯш кардан. Бархе аз луғат шиносон назарашон ин аст, ки инсон аз нисён гирифта шуда яъне инсон ба таври табиӣ дар маърази фаромӯшӣ ва нисён қарор дорад ва гоҳе чунон дар ғафлат фурӯ меравад, ки ҳама чизро ҳатто худ ва ҳадаф аз зиндагиро нодида мегирад ва роҳ ва масири рушди худро аз ёд мебарад. Барои инки битавон инсонро аз хоби ғафлат бедор кард ва ӯро дар масири рушд оварад бояд ба ӯ тазаккур дод.

Нақши тазаккур дар тарбияти одамӣ онқадар муассир аст, ки ҷузъи аҳдофи ибодат баршумурда шуда. Қуръони Карим яке аз вазоифи муҳим ва аслии Анбиёро тазаккур дониста ва нақши онҳоро ёдоварии ҳақоиқе медонад, ки ба таври худододӣ дар аъмоқи рӯҳи инсонҳо вуҷуд дошта вале пардаи ғафлат онҳоро аз таваҷҷуҳ ба он ҳақоиқ боздоштааст. Худованд дар васфи тазаккур дар чанд оят аз Қуръон мефармояд: «وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ; “Ва пайваста тазаккур деҳ, зеро тазаккур мӯъминонро суд мебахшад”. (Зориёт, 55) « فَذَكِّرْ إِنْ نَفَعَتِ الذِّكْرَى سَيَذَّكَّرُ مَنْ يَخْشَى وَيَتَجَنَّبُهَا الْأَشْقَى; “Пас тазаккур деҳ агар тазаккур муфид бошад! Ва ба зудӣ касе, ки аз Худо метарсад мутазаккир мешавад. Аммо бадбахттарин афрод аз он дӯрӣ мегузинад” (Аъло, 9 ило 11)

Яке аз сиёсатҳои шайтон он аст, ки парда бар фикр ва андешаи инсон меафканад ва ӯро ба фаромӯшӣ во медорад то вайро аз он аҳд ва паймонҳое, ки бо Худои худ баста боз дорад. Таъбири Қуръон: « اسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ الشَّيْطَانُ فَأَنْسَاهُمْ ذِكْرَ اللَّهِ أُولَٰئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ  أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ; “Шайтон бар онон мусаллат шуда ва ёд худоро аз хотир онҳо бурда; Онон ҳизби шайтонанд! Бидонед ҳизби шайтон зиёнкоронанд!” (Муҷодила, 19).

Қуръони Карим худро василае барои тазаккур ва ёдоварии ҳамагон муаррифӣ карда ва ба ин далел, ки сартосари оёташ ба мафоҳими амиқе ишора дорад мӯҷиби адами ғафлати инсон мешавад.

Худованд бо ёдоварии неъматҳои худ ва барангехтани ҳисси қадршиносӣ ва зиндакардани рӯҳи шукргузорӣ дар инсонҳо нақши муассире ифо мекунад ва ҷонишонро лабрез аз ёд ва сӯҳбати Худо мекунад. Худованд дар Қуръон неъматҳое, ки ба Исои Масеҳ дода астро ёд оварӣ мекунад: «Ба хотир биёвар ҳангомеро, ки Худованд ба Исо ибни Марям гуфт: Ёд кун неъматеро, ки ба ту ва модарат бахшидем! замоне, ки туро бо рӯҳулқуддус тақвият кардам;, ки дар гаҳвора ва ба ҳангоми бузургӣ, бо мардум сухан мегуфти; Ва ҳангоме, ки китоб ва ҳикмат ва Таврот ва Инҷилро ба ту омӯхтем; Ва ҳангоме, ки ба фармони ман, аз гилу лой чизе ба сурати паранда месохтӣ, ва дар он медамидӣ, ва ба фармони ман, парандае мешуд; Ва кӯри модарзод, ва мубтало ба бемории песиро ба фармони ман, шифо медодӣ; Ва мурдагонро (низ) ба фармони ман зинда мекардӣ; Ва ҳангоме, ки бани Исроилро аз осеб расондан ба ту, боздоштем; Дар он замон, ки далоили равшан барои онҳо овардӣ, вале ҷамъе аз кофирон гуфтанд: инҳо ҷуз сеҳри ошкор нест”.

captcha