Ба гузориши ТоҷикПресс, “Усома Ҳамдон”, намояндаи ҷумбиши Ҳамос дар Бейрут шомгоҳи панҷшанбе дар суханоне эълом кард, ки дар тӯли 83 рӯзи ҷанг алайҳи Ғазза, ҳудуди 22 ҳазор нафар ба шаҳодат расида ва беш аз 56 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Вай дар идома эълом кард, ки низомиёни режими ишғолгар тайи 24 соати гузашта, беш аз 20 кушторро бо силоҳҳои амрикоӣ анҷом додаанд.
Усома Ҳамдон гуфт: “Режими фашисти саҳюнист, аҷсоди 80 шаҳидро аз манотиқи мухталифи Навори Ғазза ва аъзои бадани онҳоро рабудааст.”
Узви аршади Ҳамос афзуд: “Мо аз Салиби Сурх мехоҳем тавзеҳ диҳад, ки чигуна аҷсоди шуҳадоро дарёфт кардааст бидуни инки иттилооте дар мавриди соҳибони онҳо дарёфт кунад.”
Вай тасреҳ кард: “Камбуди шадиди об, ғизо ва дору боиси эҷоди бемориҳои хатарнок дар Ғазза шудааст, ки ниёз ба иқдоми фаврии арабӣ ва байналмилалӣ дорад.”
Узви аршади Ҳамос хотирнишон кард: “Раҳбарони ҷинояткори режими ишғолгар асирони худро зинда нахоҳанд дид магар пас аз таваққуфи ҳамаҷонибаи таҷовузот ба Ғазза.”
Ҳамдон гуфт: “Ба хонаводаҳои зиндониён мегӯем, ки Нетаняҳу ба шумо дуруғ мегӯяд, зеро таҳти фишори низомӣ, аҷсоди писарони шумо дар тобутҳо ба Исроил барме гарданд.”
Вай изофа кард: “Мо таъид мекунем, ки давлати Байден дар ҳақиқат ҷангро раҳбарӣ мекунад ва масъули хӯнҳоест, ки рехта мешавад, ҳатто агар дар паси нигарониҳои козиб барои ғайринизомиён пинҳон шуда бошад.”
https://tajikpress.com/2023/12/30/