IQNA

Тирандозӣ ба имоми ҷамоати як масҷид дар Амрико

16:38 - January 05, 2024
рақами хабар: 907
ИКНА - Бар асоси эъломи мақомоти полиси Ню-Ҷерсӣ, имом ҷамоати масҷиди шаҳри «Ню-Арк» дар наздикии Ню Йорк ҳадафи ҳамла қароргирифтааст.

Ба гузориши Русия Ал-Явм, расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз мақомоти амниятии Ню-Ҷерсӣ эълом карданд, ки имом ҷамоати шаҳри Ню-Арк дар тирандозии субҳи чаҳоршанбе дар беруни масҷиди ин шаҳр наздики Ню Йорк ба шиддат маҷрӯҳ шудааст. 

Бар асоси эъломи полис, тирандозӣ дар берун аз масҷиди Ню-Арк гузориш шудааст. 

Полис меафзояд ин имом масҷид бо шиллики гулӯла ва дар шароити вахим ба бемористони донишгоҳи Ню-Арк мунтақил шудааст.

Матто Плоткин, додситони иёлотӣ ҳам дар ин робита гуфт: ҳеҷ иттилооте вуҷуд надорад, ки нишон диҳад ангезаи ин ҷиноят нафратпароканӣ алайҳи Ислом будааст. 

Вай афзуд: мо дар тамоси мустақим бо дафтари додситони минтақаи Эссекс ҳастем, ки бо идораи полиси Ню-Арк барои шиносоӣ авомили ин ҳодиса ҳамкорӣ мекунад. Ҳарчанд, ки ҳаводиси хушунатомез алайҳи аъзои ҷомеаи мусулмон дар ҷараён аст ва қатъан ин иқдом низ як амали хушунатомез аст.

Дар ҳамин робита, шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ дар Ню-Ҷерсӣ эълом кард, ки дар ҳол ҷамоварии иттилоот дар бораи ҳодисаи тирандозӣ аст.

Ин шӯро дар баёнияе эълом кард: мо амиқан нигарони ин ҳодиса ҳастем ва барои шифои оҷили имом дуо мекунем ва аз касоне, ки иттилооте дар мавриди тирандозӣ доранд мехоҳем бо полис тамос бигиранд ва ҳамчунин ба ҳамаи масоҷид тавсия мекунем эҳтиётро риоят кунанд ба вижа дар шароити кунунӣ, ки таассуб ва нобаробарӣ алайҳи мусулмонон афзоиш ёфтааст.

https://iqna.ir/00HaVV

captcha