IQNA

Ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи Ҳашдушшаъбӣ дар Бағдод

16:52 - January 05, 2024
рақами хабар: 908
ИКНА - Манобеи хабарӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи Ҳашдушшаъбӣ дар шарқи Бағдод пойтахти Ироқ хабар медиҳанд.

Ба гузориши Ал-Маёдин, манобеи хабарӣ аз шунидашудани садои инфиҷор дар шарқи Бағдод пойтахти Ироқ хабар медиҳанд.

Хабарнигори Ал-Маёдин гузориш дод, ки қароргоҳи Ҳашдушшаъбӣ дар шарқи Бағдод ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қароргирифта ва садои инфиҷори ношӣ аз ин ҳамла будааст.

Яке аз манобеи вобаста ба Ҳашдушшаъбӣ эълом кард, ки гумон меравад ин ҳамла аз сӯи ҳавопаймоҳои амрикоӣ анҷом шуда бошад.

Ал-Фурот Нюз эълом кард, ки хабарҳое аз шаҳодати 2 нафар дар ин ҳамла мухобира шудааст.

Хабарнигори Ал-Маёдин гузориш дод, ки ҳоҷ Абу Тақво фармондеҳи типи 12 Ҳашдушшаъбӣ дар ин ҳамла ба шаҳодат расидааст.

Ҷунбиши Нуҷабои Ироқ эълом кард дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Амрико ба қароргоҳи Ҳашдушшаъбӣ дар Бағдод, ҳоҷ Муштоқ Толиб муовини фармондеҳи амалиёти камарбанди амниятии Бағдод дар неруҳои Ҳашдушшаъбӣ  ба шаҳодат расидааст. 

Бар асоси баёнияи ҷунбиши Нуҷабо худрави шаҳиди Муштоқ Толиб  дар дохили қароргоҳи Ҳашдушшаъбӣ дар шарқи Бағдод ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта ва ба шаҳодати вай анҷомидааст. 

Ин дар ҳоле аст, ки хабарнигори Ал-Маёдин дар Бағдод гузориш дод ҳанӯз иттилооти мувассақе дар мавриди ин, ки ин ҳамла аз сӯи Амрико анҷом шуда ё аз сӯи Исроил дар даст нест. Вай таъкид кард, ки дар ин ҳамла 2 нафар шаҳид ва 6 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Хабарнигори Ал-Маёдин афзуд: ин ҳамла бо 4 мушак ба анҷом расида, ки 3 мушаки он дар як марҳала шиллик шуда ва мушаки чаҳорум низ худрави фармондеҳи амалиёти камарбанди амниятии Бағдод дар Ҳашдушшаъбиро ҳадаф қарор додааст.

https://iqna.ir/00HaWn

captcha