IQNA

20:36 - June 11, 2023
рақами хабар: 92
Қуръон чӣ мегӯяд / 9

Оё душмани худро мешиносед?

Онгоҳ, ки Худованд инсонро офарид, мавҷуди мутакаббир душмании худро бо ӯ оғоз кард.

Оё душмани худро мешиносед?

Душманӣ иборат аст аз мухолифат, бадхоҳӣ ва кина тузӣ дар ҳаққи касе ё нисбат ба чизе, ки дар гуфтор ё рафтор буруз мекунад. Достони душмании шайтон бо одамиён ба моҷарои хилқати инсон бармегардад. Он замон, ки шайтон маъмур ба саҷда ба инсон шуд; Ва ба хотири такаббур аз ин иқдом рӯйгардон шуд ва аз даргоҳи Худованд ронда шуд. Ба ҳамин далел бо инсон душман шуд ва қасамхӯрд ӯро аз масири камолаш мунҳариф созад: قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ “[Шайтон хитоб ба Худованд] гуфт ба иззати ту савганд, ки ҳамагиро гумроҳ мекунам” (Сураи Сод, ояти 82). Ин достон ба таври муфассал дар оёте аз Қуръон монанди оёти 34 то 39 сураи Бақара баён шудааст.

Худованд низ дар Қуръон борҳо шайтонро ба унвони душмани инсон муаррифӣ карда: وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ الشَّيْطَانُ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ “Мабодо шайтон шуморо гумроҳ кунад, зеро ӯ барои шумо душмани ошкор аст” (Сураи Зухруф, ояти 62).

Мӯҳсини Қироатӣ дар тафсири “Нур” дар тавзеҳи ин оят мегӯяд:

  1. Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи шайтон дар фиреби Одам ва Ҳаво, душмании ӯ бар касе махфӣ нест. عَدُوٌّ مُبِينٌ
  2. Шинохти васвасаҳои шайтон ниёзе ба тааммул ва тааққул надорад, зеро фитрати инсон ба роҳати инҳирофро мефаҳмад. عَدُوٌّ مُبِينٌ Ҳол бояд бубинем донистани инки шайтон душмани одамиён аст, чӣ зарурате дорад? Агар бипазирем, ки инсон мавҷуде аст, ки майл ба рушд ва такомул аз тариқи ҳидоят дорад, пас ӯ ниёз дорад, ки мавонеъи масири пешрафти худро бишносад. Бар ҳамин асос, шинохти ин душман ва роҳҳои нуфузи ӯ аз вазоифи аслии ҳар инсоне аст.

Калидвожаҳо: Шайтон, душман, гумроҳӣ, саодат

captcha