Ба гузориши Арабӣ 21, 36 хохом ва туллоби улуми динӣ аз фирқаҳои мухталифи яҳудӣ, дар дохили салони Шӯрои амнияти Созмони Милал даст ба тазоҳурот зада ва хостори оташбас дар ҷанги Ғазза шуданд.
Ин хохомҳо, ки дар боздид аз Созмони Милали Муттаҳид ширкат карданд, пас аз вуруд ба салони Шӯрои Амният, чафияҳои фаластинӣ бар дӯш андохтанд ва порчаҳоеро, ки рӯи он навишта шуда буд: «акнун оташро мутаваққиф кунед ва Байден истифода аз вето алайҳи оташбасро мутаваққиф кун» дар даст гирифтанд.
Онҳо тасовиреро дар сафҳаҳои худ дар шабакаи Х ва клипе аз лаҳзаи эътироз дар дохили салон ва барафроштани банерҳое дар ҳимоят аз оташбас мунташир карданд.
Ин тазоҳурот тавассути гурӯҳҳое аз ҷумла: садои яҳудӣ барои сулҳ, яҳудиён барои адолати нажодӣ ва иқтисодӣ ва хохомҳои ҳомии оташбас созмондеҳӣ шуд. Онҳо аз Байден хостанд ба ҳарфи мардум гӯш диҳад ва монеъ аз талошҳои фаврӣ дар Созмони Милал барои оташбас ва иқдомоти башардӯстона нашуд.
Фаолони зидди ҷанг, Ҷо Байденро дар ҷараёни суханрониаш дар Каролинаи Ҷанубӣ, бо шиори оташбас дар Ғазза ғофилгир карданд ва ӯ посух дод, ки эҳсосоти онҳоро дарк мекунад ва бо давлати Исроил барои хурӯҷ аз Ғазза ҳамкори мекунад. Тазоҳуроти фаолон дар Иёлоти Муттаҳида афзоиш ёфтааст ва онҳо ахиран пулҳо ва ҷоддаҳои бузургро дар Ню-Йорк ва Лос-Анҷлес бастанд ва тазоҳуротеро дар муқобили Кохи Сафед ва Конгресс дар маҳкумияти таҷовузи мустамари Исроил ба Навори Ғазза созмонедҳӣ карданд.
Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон монеи пешнависи қатъномаҳои ироа шуда ба Шӯрои Амният дар бораи оташбас дар ҷанги Ғазза мешавад. Таҷовузи ваҳшёнаи режими Исроил ба Ғазза барои наваду шашумин рӯзи мутаволӣ идома дорад ва ҷони беш аз 23000 фаластиниро гирифтааст. Ин ҳамалот илова бар беш аз 57000 захмӣ, наздик ба ду миллион фаластиниро аз хонаи худ овора ва бахши бузурге аз Навори Ғаззаро вайрон кардааст.