Ба гузориши ИКНА, аз фардо моҳи мубораки Раҷабул-Мураҷҷаб, оғоз мешавад. Моҳи Раҷабро Раҷабул-Мураҷҷаб номидаанд. «мураҷҷаб» ба маънои бузург, бошукӯҳ ва бо ҳайбат аст ва сифате аст барои моҳи Раҷаб ба ҷиҳати бузургдоштани ин моҳ.
Раҷаб моҳи Худост ва риояткунандагони ҳурмати ин моҳ ва омилон ба аъмоли онро «Раҷабиюн» меноманд ва ҳамоно, ки дар қиёмат фариштае нидо медиҳад: «أین الرّجبیّون» куҷоиянд афроде, ки моҳи Раҷабро мӯҳтарам шумурдаанд. Худованд дар ҳадиси Қудсӣ мефармояд: «Моҳи Раҷабро ресмони миёни худ ва бандгонам қарор додаам; Ҳар кас ба он чанг занад ба висоли ман расад» ва дар ҳадиси Қудсии дигаре мефармояд: «Моҳи Раҷаб моҳи ман; Банда, бандаи ман ва раҳмат, раҳмати ман аст; Ҳар, ки дар ин моҳ маро бихонад, иҷобаташ кунам ва ҳар, ки ҳоҷат оварад, атояш кунам».
Барои инки дар ин моҳи муборак, ки моҳи нузули раҳмати илоҳӣ аст ҷузви Раҷабиюн қарор бигирем, метавонем аз аъмоли мустаҳабии тавсияшудаи ин моҳ баҳра бигирем.
Дуоҳои шаби аввали моҳи Раҷаб
Мустаҳаб аст ҳангоми рӯъяти ҳилоли моҳи Раҷаб ин дуо хонда шавад: «اللّهُمَّ بارِکْ لَنا فِی رَجَبٍ وَ شَعْبانَ، وَ بَلِّغْنا شَهْرَ رَمَضانَ، وَ أَعِنَّا عَلَی الصِّیامِ وَ الْقِیامِ، وَ حِفْظِ اللِّسانِ، وَ غَضِّ الْبَصَرِ، وَ لا تَجْعَلْ حَظِّنا مِنْهُ الْجُوعَ وَ الْعَطَشَ» (Ал-Иқбол бил-аъмоли л-ҳасна, ҷ3, саҳ 173) ва ҳамчунин мустаҳаб аст инсон баъд аз намози хуфтан бигӯяд: اللّهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُکَ بِأَنَّکَ مَلِیکٌ، وَ أَنَّکَ عَلی کُلِّ شَیْءٍ مُقْتَدِرٌ، وَ أَنَّکَ ما تَشاءُ مِنْ أَمْرٍ یَکُونُ، اللّهُمَّ إِنِّی أَتَوَجَّهُ إِلَیْکَ بِنَبِیِّکَ مُحَمَّدٍ نَبِیِّ الرَّحْمَةِ صَلَواتُکَ عَلَیْهِ وَ آلِهِ، یا مُحَمَّدُ یا رَسُولَ اللَّهِ إِنِّی أَتَوَجَّهُ إِلَی اللَّهِ رَبِّی وَ رَبِّکَ لِیُنْجِحَ بِکَ طَلِبَتِی، اللّهُمَّ بِنَبِیِّکَ مُحَمَّدٍ، وَ بِالأَئِمَّةِ مِنْ أَهْلِ بَیْتِهِ أَنْجِحْ طَلِبَتِی (Ал-Иқбол бил-аъмоли л-ҳасна, ҷ3, саҳ 175) ва сипас ҳоҷоти худро аз Худованд дархост кунад. Ҳамчунин хондани дуои «یا من ارجوه لکل خیر...» дар рӯзҳо ва шабҳои ин моҳ сифориш шудааст.
Намозҳои шаби аввал
Барои ин шаб намозҳое нақл шуда, ки наҳваи иқомаи ду намозро шарҳ медиҳем: намози аввал: баъд аз намози мағриб 10 намози ду ракъатӣ бихонад, ки дар ҳар ракъат як мартаба сураи «Фотиҳа» ва «Ихлос» хонда шавад, ҳамчунин аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст, ки фармуданд: ин намозро Рӯҳуламин ба ман омӯхта ва касе, ки онро баҷо биёварад худ ва хонавода ва мол ва фарзандонаш маҳфуз монда ва аз азоби қабр паноҳ дода мешавад ва аз сирот бидуни ҳисоб, монанди барқ мегузарад.
Намози дуввум: ду ракъат намоз баъд аз намози хуфтан хонда шавад, ки дар ракъати аввали он сураи «Фотиҳа» ва «Аламнашраҳ»-ро як мартаба, «Қулҳуваллоҳу Аҳад»-ро се мартаба ва дар ракъати дуввум сураи «Фотиҳа» ва «Аламнашраҳ» ва«Қулҳуваллоҳу Аҳад» ва «Маъузатайн»-ро ҳар кадом як мартаба бихонад, сипас ташаҳҳуд хонда ва салом диҳад ва баъд аз он сӣ мартаба «لا اله إلا اللّه» гуфта ва сипас сӣ мартаба бар Паёмбар (с) салавот бифиристад.
Расули Худо (с) фармуданд: касе, ки дар шаби аввали моҳи Раҷаб ин намозро бихонад гуноҳони гузаштаи ӯ омирзида шуда ва ӯ монанди рӯзе мешавад, ки аз модар мутаваллид шудааст.
Ғусл кардан дар шаби аввали Раҷаб ва хондани зиёрати имом Ҳусайн (а) низ бисёре тавсия шудааст. Эҳёи шаби аввали моҳи мубораки Раҷаб низ бисёр пурфазилат аст.
Аъмоли муштараки моҳи Раҷаб
Дар тамоми рӯзҳои моҳи Раҷаб аъмоли зерро метавон анҷом дод: дар тамоми моҳи Раҷаб, ин дуоро бихонед:
یا مَنْ یَمْلِکُ حَوآئِجَ السّآئِلینَ، ویَعْلَمُ ضَمیرَ الصّامِتینَ، لِکُلِّ مَسْئَلَة؛ مِنْکَ سَمْعٌ حاضِرٌ وَجَوابٌ عَتیدٌ اللّهُمَّ وَمَواعیدُکَ الصّادِقَةُ واَیادیکَ الفاضِلَةُ؛ وَ رَحْمَتُکَ الواسِعَةُ فَاَسْئَلُکَ اَنْ تُصَلِّیَ عَلی مُحَمَّد وَآلِ محمد؛ واَنْ تَقْضِیَ حَوائِجی لِلدُّنْیا وَالاْخِرَةِ، اِنَّکَ عَلی کُلِّ شَیْء قَدیرٌ.
Ҳамчунин Паёмбар (с) фармуданд: Ҳар шахсе дар моҳи Раҷаб 100 мартаба бигӯяд «أَسْتَغْفِرُ اللّهَ الَّذِی لا إلهَ إِلاّ هُوَ، وَحْدَهُ لا شَرِیکَ لَهُ وَ أَتُوبُ إِلَیْهِ» ва дар охир садақаое канор бигузорад, Худованд мағфират ва раҳмат ва мағфират дар кораш насиб мекунад ва ҳар касе 400 мартаба онро бигӯяд фазилати шаҳидонро дорад; Ва низ фармудаанд: Ҳар шахсе ҳазор мартаба «لا اِلهَ اِلاَّ اللّه» дар моҳи Раҷаб бигӯяд, ҳасанот ва савоби фаровоне аз сӯи Худованд бар ӯ навишта мешавад.
Аз Расули Худо (с) дар ривояте омадааст, ки он ҳазрат фармуд: Ҳар ки як рӯз аз моҳи Раҷабро рӯза бигирад ва чаҳор ракъат намоз бихонд (ҳар ду ракъат бо як салом) ва дар ракъати аввал 100 мартаба «Оятулкурсӣ» бихонд ва дар ракъати дуввум 200 мартаба «Қулҳуваллоҳу Аҳад», қабл аз инки бимирад худро дар биҳишт мебинад ва ё ҳатто касе дигар ҷои ӯро дар биҳишт мебинад ва барои ӯ таъриф мекунад.