Ба гузориши ИКНА, Шайх Маҳмуд Шаҳот Анвар ба муносибати понздаҳумин солгарди даргузашти падараш марҳум шайх Шаҳот Анвар ӯро усваи худ дар тиловат тавсиф кард.
Ӯ тасреҳ кард: падарам нахустин усваи ман дар тиловат ва чароғи роҳи ман дар зиндагӣ аст ва ӯ буд, ки ба ман омӯхт дар баробари амвоҷи хурӯшони зиндагӣ муқовимат кунам.
Ӯ тарбияти қуръонӣ ва ишқ ва эҳтироми хеш ба Қуръони Карим ва тиловати онро ҳосили тарбияти падари худ тавсиф кард.
Қории фақид шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар мусҳаферо бо савти худ забт кард, ки мавриди таъйиди маркази мутолиоти исломии Ал-Азҳар аст.
Шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар дар аввали июли 1950 мелодӣ дар рустои «Куфрул-Вазир» вобаста ба маркази Майит Ғумар дар устони Дақҳалия ба дунё омад. Ӯ дар се моҳагӣ падари худро аз даст дод ва мавриди сарпарастии амуи худ қарор гирифт. Дар кӯдакӣ вориди мактабхонаи Қуръони рустои худ шуд ва дар ҳашт солагӣ кулли Қуръони Каримро ҳифз кард ва дар тамоми умри худ ба тиловати Қуръон идома дод.
Шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар дар 13 январи 2008 дар синни 58 солагӣ даргузашт ва мероси азиме аз осори савтӣ ва тасвирӣ аз тиловатҳои Қуръони Карим аз худ ба ҷой гузошт.