IQNA

Вокуниши Амрико ба ҳамлаҳои мушакии Эрон

11:30 - January 16, 2024
рақами хабар: 957
ИКНА - Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико дар нахустин вокуниш ба ҳамалоти шабонаи неруи мушакии Эрон ба ҷойгоҳи гуруҳакҳои террористӣ дар Ироқу Сурия муддаӣ шуд, ки ҳеҷ осибе ба коркунону марокизи Амрико гузориш нашудааст.

 

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар пайи ҳамалоти кӯбандаи бомдодии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба пойгоҳҳои ҷосусии Моссад ва ҷамъомадҳои гуруҳакҳои террористӣ дар Ироқу Сурия, хабаргузории Ройтерс ба нақл аз мақомоти расмии Амрико иддао кард, ки дар ҷараёни ин ҳамалот, ҳеҷ осибе ба коркунон ва ё марокизи амрикоӣ гузориш нашудааст.
Аз сӯи дигар, пойгоҳи хабарии Ал-маёдин дар гуфтугӯ бо сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико муддаӣ шуд: Дар ҷараёни гузоришҳо дар робита ба исобати мушакҳо ба шимоли Ироқ ва Сурия қарор гирифтаем.
Вай афзуд: Ҳеҷ як аз коркунон ё марокизи амрикоӣ дар ин ҳамалот ҳадаф қарор нагирифт, мо бо масъулони баландпояи Ироқ ва масъулони иқлими Курдистон дар тамос будем.
Дар идомаи вокунишҳо, хабаргузории Ройтерси бомдоди сешанбе ба нақл аз “2 мақоми амрикоӣ” муддаӣ шуд, ки ҳамалоти мушакӣ дар Ироқ ҳеҷ як аз таъсисоти Иёлоти Муттаҳидаро таҳти таъсир қарор надода ва Амрико ҳеҷ талафоте надоштааст.
Ройтерс ба номи ин мақомҳо ишора накарду афзуд, ки онон аз изҳори назри бештар дар ин бора иҷтиноб карданд.
Дар хабари муртабит, шабакаи BCNEWS низ ба нақл аз як манбаи амниятии ироқӣ, ки номашро фош накард, гузориш дод, ки дар ин ҳамалот чаҳор нафар кушта шуданд.
Ин манбаъ муддаӣ шуд, ки ҳеҷ неруи амрикоӣ ё аъзои неруҳои эътилоф кушта нашуданд.
Аз сӯи дигар, манобеи расонаии Курдистони Ироқ эълом карданд, ки манзили як курди ироқӣ ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифтааст.
Расонаҳои шимоли Ироқ муддаӣ шуданд, ки дасти кам чаҳор мӯшак ба манзили ин тоҷири курд бархӯрд кард ва теъдоде мошини ёрии таъҷилӣ ба минтақа Муло Умар дар атрофи Арбил эъзом шуд.
Қобили зикр аст, к Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон соате пеш дар баёнияе аз ҳадаф қарордодан ва инҳидоми пойгоҳи ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) дар иқлими Курдистони Ироқ ва пойгоҳи террористҳо дар Сурия бо мушакҳои баллистик хабар дод.
https://tajikpress.com/2024/01/16/




captcha