IQNA

Таъкиди Салиби Сурхи ҷаҳонӣ бар кӯмак‎рсонӣ ба Ғазза

19:03 - January 21, 2024
рақами хабар: 977
ИКНА - Мануэл Беслер, ноибраиси Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх зимни ташреҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза, бар зарурати талошҳои ҷиддӣ барои кӯмакрасонӣ ва оташбас дар Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши ИКНА, Мануэл Беслер, ноибраиси Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх бо ҳузур дар конфронси байналмилалии башардӯстонаи ҳимоят аз Фаластин бо баёни инки кӯмакҳо ба Ғзза бояд афзоиш ёбад ва Салиби Сурхи байналмилалӣ ба унвони як бозигари ҷаҳонӣ бар се мавзӯъ тамаркуз дорад, гуфт: кӯмакрасонӣ ба ғайринизомиён ва ҳифзи ҷон ва амнияти онҳо бар асоси қавонини байналмилал мавриди таъкиди Салиби Сурхи ҷаҳонӣ аст. 

Вай афзуд: занон, кӯдакон ва солмандон дар ҷустҷӯи маконҳои амн ҳастанд ва бозигарони хатти муқаддами кӯмак ба Ғазза бояд ба вазифаи худ дар ин бора амал кунанд.

Ноибраиси Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх бо таъкид бар инки кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон ва имдодӣ бояд барои кӯмак ба Ғазза ҳамоҳанг ва мунсаҷим шаванд, зеро шароити Ғазза ниёзманди рӯйкарди фарогир аст, идома дод: ниҳодҳои имдодрасон дар Ғазза дар шароити душвор ва мухотираомезе қарор доранд; Ғазза ниёзманди кӯмакҳо ва имдодҳои бештар ва густурдатар аст; Набуди сӯхт ва омбулонс бар душвории кӯмакрасонсӣ дар Ғазза меоафзояд.

Мақоми Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчунин бо ишора ба аҳамият додани посухи фаврӣ ба шароити Ғазза, гуфт: ин мавзӯъ фақат як мавзӯъи сиёсӣ нест, аммо роҳиҳалҳои сиёсӣ метавонанд барои он чорасоз бошанд.

Занон ва кӯдакони фаластинӣ; Қурбониёни аслии ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ

Юнус Хатиб, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ дар конфронс ҳузур дошт дар бахши дигар бо ишора ба ҷиноятҳои 100 рӯзаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва оморҳои марбут ба ин фаҷоиъ, гуфт: умда қурбониёни ин ҷиноятҳо занон ва кӯдакон ҳастанд; Донишгоҳҳо, бемористонҳо, мадорис, масоҷид, ... дар Ғазза вайрон ва ҷамъият овора шудаанд.

Конфронси башардӯстонаи ҳимоят аз Ғазза бо ҳузури руасо ва раҳбарони аршади ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, имрӯз якшанбе; дар Теҳрон баргузор шуд.

Ин конфронси байналмилалӣ бо ҳадафи эҷод роҳкорҳои ҷаҳонӣ барои имдодрасонии фаврӣ, ҳамоҳангиҳои мунсаҷим бо наҳзати ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, баррасии роҳкорҳои мухталиф барои эҷоди оташбаси пойдор ва эҷоди сандуқи байналмилалии изтирории кӯмак ба Ғазза баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4195019

captcha