iqna

IQNA

ИКНА - Ҳамидризо Насирӣ, намояндаи кишвари Эрон дар мусобиқоти Қуръони Малайзия ба Малайзия расид ва билофосила аз барномаи иҷроии худ дар ин мусобиқот иттилоъ ёфт.
рақами хабар: 2232    Санаи нашр : 2024/10/08

ИКНА - Намози ҷумъаи Теҳрон ба имомати ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон, рӯзи ҷумъа дар иҷтимои азим ва пур шукӯҳи мардум дар мусалло имом Хумайнӣ (ра) баргузор шуд.
рақами хабар: 2213    Санаи нашр : 2024/10/06

ИКНА - Раисиҷумҳури Эрон дар паёме навишт: Бар асоси ҳуқуқи машрӯъ ва бо ҳадафи сулҳу амният барои Эрону минтақа, посухи қотеъ ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ дода шуд.
рақами хабар: 2203    Санаи нашр : 2024/10/02

ИКНА - Дар ҳоле ки режими хабиси саҳюнистӣ ҳар рӯз бо таҷовуз ба як минтақа ва вайрон кардани манотиқи маскунӣ дар Навори Ғазза ё Лубнон ва террор ва куштори ваҳшиёна саъй дар сарпӯш гузоштан бар шикастҳои худ дар минтақа дорад, ҳар рӯз ба теъдоди саҳюнистҳое, ки сарзамини ишғолиро тарк мекунанд, зиёд мешавад ва ин ҳамон шикасти бузург ва наздикии поёни ҳатмии ин режими хабис аст.
рақами хабар: 2164    Санаи нашр : 2024/09/26

ИКНА - Ҳамзамон бо гиромидошти ҳафтаи Ваҳдат, маҳфили қуръонии танини Тобнок бо қироати Сайид Ҷаводи Ҳусайнӣ, қории барҷастаи кишварӣ ва байналмилалӣ ва Алии Наҷафӣ, қории навниҳол, тавассути кунгираи ҷаҳонии Муҳаммад Паёмбари раҳмат дар ҷавори оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд.
рақами хабар: 2150    Санаи нашр : 2024/09/23

ИКНА - Бистумин ҷашнвораи байналмилалии филми Қазон дирӯз, дар шаҳри Қазони ҷумҳурии Тотористон оғоз ба кор кард ва то 11 сентиябр идома дорад.
рақами хабар: 2072    Санаи нашр : 2024/09/07

ИКНА -Дар саҳаргоҳи севумин рӯз аз моҳи Рабеул-Аввал ва пас аз ду моҳ азодорӣ, парчами сиёҳи гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) бо парчами сабз ранг таъвиз шуд.
рақами хабар: 2070    Санаи нашр : 2024/09/07

Мунозироти имом Ризо (а) / 1
ИКНА - Имом Ризо (а) мунозироти зиёде бо донишмандони мазоҳиби исломӣ ва соири адён доштанд ва дар тамоми ҷаласоти мунозирот бо мавзӯъоти мухталифе пирӯз шуда буд.
рақами хабар: 2056    Санаи нашр : 2024/09/04

Ба ҳиммати Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ;
ИКНА - Силсила маҳофили байналмилалии унси бо Қуръони Карим дар қолаби яке аз барномаҳои тарҳи ҷомеъи қуръонии «Рисолоти Аллоҳи» Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии вижаи бонувон ба унвони яке аз мутолиботи ҷомеаи қуръонии хоҳарон аз моҳи оянда ба сурати моҳона баргузор мешавад.
рақами хабар: 2048    Санаи нашр : 2024/09/02

ИКНА - Масҷиди ҷомеъи бозори Теҳрон ё масҷиди ҷомеъи Теҳрон, куҳансолтарин масҷиди Теҳрон аст, ки қадимитарин шабистони он беш аз ҳазор сол умр дорад ва ба масҷиди Атиқ низ маъруф аст. Ин асар дар феҳристи осори миллии Эрон сабт шудааст.
рақами хабар: 2031    Санаи нашр : 2024/08/29

ИКНА - Шурӯъ аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон барои 30 рӯз лағв мешавад.
рақами хабар: 1938    Санаи нашр : 2024/08/06

ИКНА - Расонаҳои хабарӣ ба нақл аз мақомоти Амрико ва Исроил навиштанд, ки интизор меравад Эрон Исроилро дар авоили рӯзи душанбе ҳадафи ҳамла қарор диҳад.
рақами хабар: 1929    Санаи нашр : 2024/08/05

ИКНА - Манобеи расонаии режими Исроил себҳи имрӯз эътироф карданд, ки расонаҳои эронӣ моро фиреб медиҳанд.
рақами хабар: 1920    Санаи нашр : 2024/08/03

ИКНА - «Лоиҳаи сарзамини тамаддунҳо» дар қолаби декори таърихӣ, ойин, таърих, одоб ва русум ва намодҳои кишварҳои ҳавзаи муқовимати Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Эрон, рӯзи шанбе дар бурҷи Мелоди Теҳрон ва дар фазои боз бо густараи 15 ҳазор метри мураббаъ ифтитоҳ шуд.
рақами хабар: 1887    Санаи нашр : 2024/07/28

Баъди 5 соли набудани намояндагони Эрон
ИКНА - Заҳро Ансорӣ, ҳофизи кулли Қуръони Карим ба унвони намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи бузурги Дубай ҳузур хоҳад ёфт. 
рақами хабар: 1871    Санаи нашр : 2024/07/24

Ғуломризо Шоҳмева баён кард:
ИКНА - Довари байналмилалии кишвари Эрон бо ишора ба инки мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Русия тайи рӯзҳои оянда бо ҳузури довар ва қории эронӣ оғоз мешавад, ба баррасии шабоҳатҳои ин рӯйдод бо рақобатҳои Эрон ва Малайзия пардохтааст.
рақами хабар: 1863    Санаи нашр : 2024/07/23

ИКНА - Амини Пӯё, қории байналмилалии кишвари Эрон дар дидори субҳи рӯзи якшанбе, раис ва намояндагони давраи дувоздаҳуми маҷлиси Шӯрои исломӣ бо Раҳбари олии Эрон, ба тиловати оёте аз Қуръони Карим пардохт.
рақами хабар: 1861    Санаи нашр : 2024/07/22

ИКНА - Маросими азодории даҳаи аввали моҳи азодории Сайид ва Солори Шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а) дар ҳайати Фотимиюни Қум бо суханронии ҳуҷҷатулислом Сайид Ҳусайни Муъминӣ ва мадеҳасроии Маҳдии Салаҳшӯр баргузор мешавад.
рақами хабар: 1827    Санаи нашр : 2024/07/16

Дар мақолаи раисҷумҳури Эрон баён гардид
Масъуди Пизишкиён, дар мақолае бо унвони «Паёми ман ба ҷаҳони нав» эълом кард: Давлати ман қасд дорад сиёсати фурсатгароро пайгирӣ кунад, ки бо эҷоди «таодул» дар равобит бо ҳамаи кишварҳо, мунтабиқ бо манофеи миллӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва ниёзҳои сулҳ ва амнияти минтақа ва ҷаҳон бошад. Дар ин росто, аз талошҳои содиқона барои коҳиши танишҳо истиқбол мекунем ва бо садоқат ба садоқат посух хоҳем дод.
рақами хабар: 1812    Санаи нашр : 2024/07/14

ИКНА - Рӯзи шашуми Муҳаррам ба номи ҳазрати Қосим (Алайҳиссалом) номгузорӣ шудааст. Сӯгвораи "Аҳло минал-асал" бо ҳузури донишомӯзон барои азодорӣ, ҳамзамон дар саросари кишвари Эрон иҷро шуд.
рақами хабар: 1810    Санаи нашр : 2024/07/14