Масҷиди Ал-Ақсо

IQNA

Ҳазорон фаластинӣ дар нахустин шаби моҳи мубораки Рамазон, бо вуҷуди маҳдудиятҳои амниятие, ки аз сӯи режими саҳюнистӣ ҷорӣ шудааст, намозҳои ҷамоатро дар Масҷидул-Ақсо барпо карданд.
рақами хабар: 4409    Санаи нашр : 2026/02/20

Вазорати Авқоф ва Омори Исломии Фаластин нақшаи ягонаи худро барои гиромидошти моҳи муборак Рамазон дар Масҷиди Ақсо эълом кард.
рақами хабар: 4398    Санаи нашр : 2026/02/17

Дар қалби Қудси ишғолшуда, ҷое ки моҳи Рамазон ҳар сол бо ташдиди танишҳои мазҳабии саҳюнистҳо ҳамроҳ аст, Нафиса Хувайс ходими вафодоре, ки табъид шудааст ҳар шом ифтори худро на дар саҳни Масҷидул-Ақсо, балки дар канори роҳе, ки ба ин макони муқаддас мебарад, боз мекунад. Ӯ ба дастони холии худ менигарад ва фарёд мезанад: «Ин масҷид ҳувияти мост; онро ба ишғолгарон насупоред.» Табъид натавонистааст рӯҳи ӯро аз ин макони муқаддас ҷудо созад; ӯ акнун бо овози баланд ҳазорон мусалмонро ба посбонии охирин сангари имон фаро мехонад.
рақами хабар: 4392    Санаи нашр : 2026/02/16

Вазорати авқоф бо нашри баёнияе эълон кард, ки Масҷиди Ақсо дар моҳи гузашта 28 маротиба мавриди ҳамла қарор гирифта, инчунин 57 маротиба аз пахши азон дар Масҷиди Иброҳимӣ ҷилавгирӣ шудааст.
рақами хабар: 4356    Санаи нашр : 2026/02/04

Шайх Акрима Сабрӣ, хатиби Масҷидул-Ақсо, дар изҳороте нисбат ба тағйири вазъи ҳуқуқӣ ва ҳувияти ин макони муқаддас ҳушдор дод.
рақами хабар: 4342    Санаи нашр : 2026/02/01