Ба гузориши манобеи хабарӣ, Меҳмет Нури Арсавӣ, вазири фарҳанг ва гардишгарии Туркия эълом кард як нусхаи Қуръоние, ки дар қарни шонздаҳум тавассути Мустафо Дада, писари хушнависи маъруф шайх Ҳамдуллоҳ, ки суннати хушнависии Усмониро поя гузорӣ кард китобат шуда ба ин кишвар бозгардонда шудааст.
Ин нусха ба таври ғайриқонунӣ аз Туркия хориҷ шуда ва дар соли 2017 дар Англистон барои фурӯш арза шуда буд.
Меҳмет Нури Арсавӣ, дар баёнияе дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита бо ин мавзӯъ навишт: Мо қабл аз шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст муждае дорем.
Вай афзуд: Қуръоне, ки ба таври ғайриқонунӣ аз Туркия хориҷ шуда ва дар соли 2017 дар Англис барои фурӯш арза шуда буд, ба кишварамон бозгардонда шуд. Мо ин Қуръонро, ки тавассути Мустафо Дада, писари шайх Ҳамдуллоҳи хушнавис ва бунёнгузори Усмонӣ китобат шудааст, дар музаи Ҳунарҳои туркӣ ва исломӣ ба намоиш хоҳем гузошт.
Ин Қуръон, ки дар оғози қарни шонздаҳум навишта шудааст, бо равиши часбондани навиштаҳо бар рӯи коғази дигаре, ки мо дар хушнависӣ ин равишро «Висол» таъриф мекунем китобат шудааст.
Вай афзуд: Ман самимона аз ҳамаи неҳодҳои дахил дар раванди дақиқе, ки мунҷар ба бозгашти ин Қуръон ба кишварамон шуд, ташаккур ва ҳамаро ба музаи Ҳунарҳои туркӣ ва исломӣ даъват мекунам то осори арзишманде монанди ин Қуръонро бубинанд.