Ба гузориши равобити умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ин маросим, ки бо ҳамкории Созмони китобхонаҳо ва музейҳои остони қудси Разавӣ барномарезӣ шуда, фардо сешанбе, 25 урдибиҳишт, бо ҳузури шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии қатарӣ ва ҳамчунин суфаро ва намояндагони фарҳангии кишварҳои мухталиф дар Қатар баргузор хоҳад шуд ва тайи он Муртазо Кариминиё, пажӯҳишгари қуръонӣ ва мутахассиси нусахи хаттӣ, ба муаррифии ин нусхаи арзишманди қуръонӣ хоҳад пардохт.
Мусҳафи Машҳади Разавӣ комилтарин маҷмӯаи дастнависи Қуръон ба хатти ҳиҷозӣ аз садаи нахусти ҳиҷрӣ бо қидмати як ҳазор ва 400 сола аст, ки пеш аз ин дар остони қудси Разавӣ рӯнамоӣ шудааст.
Бинобар эъломи ин хабар «Мусҳафи Машҳади Разавӣ» ё Codex Mashhad унвоне аст барои маҷмӯъи ду нусхаи қуръонӣ бо хатти ҳиҷозӣ куҳан ба шумораҳои 18 ва 4116 дар китобхонаи остони қудси Разавӣ (Машҳад). Ин асар бо 252 барг, комилтарин маҷмӯаи авроқ аз як Қуръони комил аз садаи нахусти ҳиҷрӣ дар саросари ҷаҳон ба шумор меояд, ки беш аз 95% матни Қуръонро дар бар дорад. Бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои матнии ин мусҳаф, вижагиҳои расм, ғароиби имлоӣ, ихтилофи қироат, чиниш ё тартиб бандии сураҳо ва ниҳоятан бар пояи озмоишҳои мутааддиди Карбун 14, равшан шудааст, ки бахши аслии ин нусха дар даврони бисёр зудҳангом, ва дар садаи нахусти ҳиҷрӣ китобат шудааст.
Бархилофи ағлаби нусхаҳои куҳани қуръонӣ аз садаи нахусти ҳиҷрӣ, матни комили Қуръон дар сурати аввалия ин мусҳаф, ба ривояти расмӣ ва мутадовили Усмонӣ, аммо бар асоси тартиби сурии мансуб аз ибни Масъуд китобат шуда, ва дар садаҳои баъд, тартиби сураҳо дар он тасҳеҳ шудааст.
Маҷмӯъи вижагиҳои ин мусҳаф, дар камтар нусхае аз қуръонҳои куҳан ба хатти ҳиҷозӣ ёфт мешавад. Аз ин рӯ, «Мусҳафи Машҳади Разавӣ» яке аз муҳиммтарин асноди айнӣ дар шинохти мо аз таҳаввулоти таърихии матни Қуръони Карим дар садаи нахусти ҳиҷрӣ аст.