IQNA

Раҳбари олии Эрон дар мулоқот бо басиҷиёни кулли кишвар:

Басиҷ як шабакаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ аст

16:08 - November 25, 2024
рақами хабар: 2476
ИКНА - Раҳбари олии инқилоби Эрон субҳи имрӯз дар дидор бо ҳазорон нафар аз аъзои басиҷи кишвар, сафарбар кардани мазлумонро дар кишвар як падидаи нотакрор хонда ва гуфт: Басиҷ аслан як шабакаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва албатта низомӣ аст. Аввалин чизе, ки имрӯз ба назар мерасад, ҷанбаи низомии басиҷ аст, дар ҳоле ки ҷанбаи низомӣ бо тамоми аҳамияташ беш аз ҷанбаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии басиҷ нест. Имом (р) ин шабака созиро кард ва ин ибтикори Имом (р) буд.

Ба гузориши ИКНА, шумори зиёде аз аъзои басиҷ аз саросари кишвар субҳи имрӯз душанбе дар ҷашни басиҷ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии инқилоби исломӣ дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ин маросим бо қироати оёти Каломуллоҳи Маҷид аз ҷониби Маҳдии Одилӣ, қории байналмилалии Эрон оғоз шуд.

Суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин нишаст ба таври мустақим тавассути расонаҳои ва шабакаҳои радио ва телевизион пахш гардид.

Бахше аз суханони ишон дар ин нишаст чунин аст:

Хуш омадед бародарон ва хоҳарони азиз. Салом ба ҳамаи шумо, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар тамоми мамлакат инро мешунаванд.

Мо ба шумо дар бораи басиҷ чанд ҷумлае арз мекунам; басиҷи мустазъафин дар кишвар як падидаи беназир буд, ки ба миён омад. Ин падида дар ягон ҷои дигар ва дар ягон кишвари дигари ҷаҳон дида нашудааст. Ин як падидаи истисноӣ ҳисобида мешуд. Ман инро бо роҳҳои гуногун шарҳ медиҳам ва пешниҳод мекунам.

Ин падида падидаи тақлидӣ набуд балки аз фарҳангии миллии худи мо ва аз таърихи мо ба вуҷуд омадааст. Ин аввалин изҳороти мост, натиҷаи ин изҳорот ин аст, ки ин падида доимист, зеро аслист. Ин падидаро бартараф кардан мумкин нест. Собит ва доимист, зеро ба худи ин миллат, таърих ва ин ҳуввияти миллӣ ва эронӣ реша ва иртибот дорад. Ин як шабакаи фарҳангӣ аст.

Басиҷ аслан як шабакаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва албатта низомӣ аст. Аввалин чизе, ки имрӯз ба назар мерасад, ҷанбаи низомии басиҷ аст, дар ҳоле ки ҷанбаи низомӣ бо тамоми аҳамияташ беш аз ҷанбаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии басиҷ нест. Имом (р) ин шабакаро офарид ва ин ташаббуси Имом (р) буд, ки дар дили як таҳдиди бузург ин ибтикорро ба вуҷуд овард, ин яке аз хислатҳои имоми гиромии мо буд. Аксари шумо даврони имом (р)-ро дарк накардаед.

Яке аз вижагиҳои имоми гиромии мо ин буд, ки аз таҳдидҳо фурсат эҷод мекард. Дар ин ҷо ҳам ҳамин тавр шуд. 13-уми Абони соли 58-ум ҳодисаи забт кардани лонаи ҷосусӣ рух дод. Қудрати дараҷаи аввали он рӯз яъне Амрико ба нишон додани чангу дандон, таҳдид ва таҳримҳо шурӯъ кард. Дар миёни ин таҳдидҳо имом рӯзи 5-уми озар, яъне тақрибан 22-23 рӯз пас аз ҳодиса фармони басиҷро содир кард.

Яъне, вақте ки кишваре нав инкилоб кардааст, ягон воситаи мудофиа надорад, қариб дар зери чунин таҳдиди бузург кқарор гирифтааст, ки замини иҷтимоию фарҳангӣ ва низомии кишвар нашанда буд ва он дарахти насли басиҷ буд. Аз таҳдид фурсат эҷод кард.

https://iqna.ir/fa/news/4250322

captcha