IQNA

Нишасти дипломатик дар Маскав бо ҳузури намояндагони 12 кишвар дар мухолифат бо беҳурматӣ ба Қуръони Карим

18:41 - August 04, 2023
рақами хабар: 302
Суфаро ва дипломатҳои 12 кишвари исломӣ ва ғайри исломӣ дар нишасте ба ибтикор ва мизбонии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, иқдомоти сурат гирифта дар бархе кишварҳои ғарбӣ дар беҳурматӣ ба Қуръони Каримро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории (ИКНА), ин нишаст бо ҳузури сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сурия, Ироқ ва Бурундӣ ва муовинон ва дипломатҳои аршади сафоратхонаҳои Покистон, Туркия, Лубнон, Фаластин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳинд ва Мексика дар Маскав баргузор шуд ва қироати оёте аз Қуръони Карим сароғози он буд.

Сафири Эрон дар Русия дар суханоне дар ин нишаст гуфт: иҳонати мукаррар дар кишварҳои Шветсия ва Дания ба Қуръони Карим ба баҳонаи озодии баён, намоиши нангине аз стандарти дугонаи ғарб дар эҳтиром ба мавозини ҳуқуқи башар ва иқдоме ба манзури нафрати афканӣ ва хушунатварзӣ алайҳи дини раҳмонии Ислом аст.

Вай идома дод: шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар авосити июл 2023 бо тасвиби қатъномаи пешниҳодии кишварҳои исломӣ дар қолаби тавҳин алайҳи муқаддасоти динӣ, иҳонт ба Қуръонро маҳкум кард ва хостори баррасии ин мавзӯъ ва гузориши камисери олии ҳуқуқи башар шуд, аз ин рӯ, ин иқдом ҳатто тавассути ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар низ мавриди таъйид ва ҳимоят нест. 

Сафири Эрон дар Русия гуфт: судури муҷаввизи беҳурматии Қуръони Карим нақзи ошкори арзишҳои мудорои мундариҷ дар эъломияи усули мудоро мусавваби 16 ноябр 1995 маҷмаъи умумии Юнеско аст ва ҳамонгуна, ки дар банди яки модаи 2 эъломия омадааст, «мудоро дар сатҳи амалкарди давлатӣ мусталзими адолат ва бетарафӣ дар дастгоҳи қонунгузорӣ, дар корбурди қавонин, дар додгустарӣ ва низоми идорӣ аст»

Дар идомаи ин нишаст, шумори дигаре аз муовинон ва бархе дипломатҳои аршади сафоратхонаҳои фаъол дар Маскав ба баёни дидгоҳҳои худ пардохтанд.

Алжан Тарсанколов, аз дипломатҳои аршади сафорати Қазоқистон дар Маскав низ дар суханоне дар ин нишаст таъкид кард, ки Қазоқистон ҳаргуна иқдоми муғоир бо ҳамзистии мусолиматомези миллатҳо ва адён аз ҷумла тавҳин ба Қуръони Каримро маҳкум мекунад ва мӯътақид аст, ки бояд бо пайгирӣ дар маҷомеъи байналмилалӣ, ин гуна иқдомот мутаваққиф шавад.

Суфаро, муовинон ва дипломатҳои аршади 12 кишвари ширкаткунанда дар ин нишаст, ки ба мизбонии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ҳамчунин дар бораи судури баёнияи поёнии ин нишаст ва гомҳои амалӣ барои таваққуфи беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим табодули назар карданд.

https://www.irna.ir/news/85188748 

captcha