IQNA

11:10 - August 21, 2026
рақами хабар: 4980

Пайванди орзуангези нобиноён бо зебоиҳои хушнависии Қуръон

Як коршиноси дастнависҳои қадима дар Миср дар доираи як ташаббуси қуръонӣ барои он ки шахсони нобино бештар аз зебоии хатти куфӣ дар китобати Қуръон дарк намоянд, усули навине ихтироъ кардааст.

Ба гузориши икно ба нақл аз рӯзномаи «Ал-Аҳром», Муҳаммад Маҷдӣ ад-Диб, коршиноси дастнависҳои қадима ва муассиси тарҳи «Мусҳафҷӣ», ки нусхаҳои нодир ва ҷолиби Қуръонро ба намоиш мегузорад, талош мекунад аз дастовардҳои Луи Брайл ва низоми таърихии ӯ фаротар равад. Ҳадафи ӯ ин аст, ки нобиноён тавонанд тавассути ҳисси ламс зебоии хатҳои қуръониро дарк кунанд.

Ӯ, ки робитаи худро бо нусхаҳои Қуръон ва зебоиҳои ҳунарии онҳо рӯз ба рӯз амиқтар кардааст, талош дорад, то шахсони нобино низ ҷаззобияти зебоишинохтии нусхаҳои ороишёфта ва ҳунарии Қуръон, бахусус зебоии хушнависии онҳоро, таҷриба кунанд.

Ин муҳаққиқи ҷавони бостоншинос, ки дараҷаи магистрии худро дар риштаи хатҳо ва ороишҳои арабӣ ба даст овардааст, дар иқдоме, ки инқилобе дар тарзи пешниҳоди матни Қуръон ба шумор меравад, лоиҳаи «Қуръони ламсӣ»-ро роҳандозӣ кардааст.

Ин ташаббус бо ҳадафи барқарор кардани робитаи афроди нобино бо зебоишиносии хушнависии асили арабӣ, бахусус хатти куфӣ ва вижагиҳои ҳандасии он, амалӣ шудааст. Дар ин усул, низоми мавҷудаи нуқтаҳои абстрактӣ бо низоме бар асоси хатҳо ва шаклҳои ҳандасӣ иваз мешавад.

Ад-Диб мегӯяд: «Бо вуҷуди аҳамияти таърихии низоми суннатии Брайл, ин низом хонандагони нобиноро аз имкони иртибот бо зебоишиносии хушнависии арабӣ ва расмулхати асили Қуръон маҳрум мекунад. Дар ин низом, онҳо бо рамзҳои рақамии беҷоне сарукор доранд, ки наметавонанд шакли ҳарфҳо ё тағйироти зоҳирии онҳоро бозтоб диҳанд. Аз сӯи дигар, ҳаҷми зиёди ҷилдҳои Қуръони Брайл низ ҳамлу нақли онҳоро душвор мекунад».

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин лоиҳа бар асоси асли «улгусозии ҳандасӣ» устувор аст. Дар ин равиш, ҳар ҳарф аз як хати уфуқӣ, ки нишондиҳандаи устуворӣ ва пайвастагӣ аст, ва як хати амудӣ, ки намояндаи алиф, кашишҳои ҳарфӣ (**мад**) ва идомаи амудии онҳо мебошад, ташкил шудааст.

4370269

captcha