IQNA

Маҳкумияти ҳамла ба масҷиде дар Қибрис

11:39 - August 28, 2023
рақами хабар: 383
Қибрис (ИКНА) вазорати хориҷаи Туркия ва раисҷмҳури турки Қибриси шимолӣ, ҳамла ба масҷиде дар шаҳри Лимассол дар Қибриси ҷанубиро маҳкум карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Арсин Тоторӣ, раисҷмҳури Қибриси шимолӣ, рӯзи гузашта,  ҳамла ба масҷиде дар шаҳри Лимассол дар идораи ҷануби Қибрис юнониро маҳкум ва таъкид кард ин ҳамла иқдоми хасмона алайҳи эътиқодоти муқаддас ва арзишҳои беш аз 2 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон аст.

Дар баёниае, ки риёсати ҷумҳурии ин кишвар мунташир кард, омадааст, ки масҷиди «Ҳоҷӣ Иброҳим Оқо Копероло» бо Коктейли Молотов мавриди ҳамла қарор гирифт, вай ин ҳамларо иқдоме ба оташсӯзӣ тавсиф кард.

Раисҷмҳури Қибриси Шимолӣ дастгирии омилони ҳамла ба мероси таърихӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ ва супурдани онҳо ба дасти адолатро хостор шуд.

Онал Остел, нахуствазири Қибриси шимолӣ низ ба навбаи худ гуфт, ки ин ҳамла умдатан мусулмонони сокин дар ҷануби Қибрис ва ба таври куллӣ тамоми ҷаҳони Исломро ҳадаф қарор медиҳад.

Ба гуфтаи вай ин гуна ҳамалот натанҳо мусулмононро ҳадаф қарор медиҳад, балки таҳдиди муштарак барои кулли башарият аст.

Аз сӯе вазорати умури хориҷаи Туркия низ ҳамла ба масҷиди «Ҳоҷӣ Иброҳим Оқо Копероло»-ро ба шиддат маҳкум кард.

https://iqna.ir/fa/news/4165217

captcha