IQNA

Абдулфаттоҳ Шаъшоӣ — сутуни санъати тиловати Миср + видео

14:45 - November 14, 2025
рақами хабар: 4111
Шайх Абдулфаттоҳ Шаъшоӣ аз қориёни бузурги Миср буд, ки ба хотири хушӯъ дар қироат ва маҳорати баланд дар таджвид, ба “сутуни санъати тиловат” машҳур гашт.

Ба гузориши ИҚНО аз “Садилбалад”, 11 ноябр, ки ба 20-ум абон рост меояд, солрӯзи вафоти Шайх Абдулфаттоҳ Шаъшоӣ — яке аз бузургони тиловати Қуръон дар Миср ва соҳиби садои пурҷозиба аст, ки номи ӯ дар қалби ҷаҳон ислом сабт шудааст.

Шайх Шаъшоӣ 21 марти соли 1890 дар деҳаи Ша'ша, вилояти Мунуфияи Миср ба дунё омадааст. Вай Қуръони каримро назди падараш — Шайх Маҳмуд Шаъшоӣ — пеш аз он ки ба синни 10-солагӣ расад, ҳифз кард ва соли 1900 ҳофизи кулли китобуллоҳ шуд.

Баъдан барои таълим дидан ба Танта рафт ва дар масҷиди Аҳмадӣ қоидаҳои таджвидро ба равиши суннатӣ омӯхт. Қироати Қуръонро назди устодони маъруф, ба мисли Шайх Байюмӣ ва Шайх Алӣ Сабӣъ такмил дод ва баъдан дар маҳаллаи Дарб ал-Аҳмар шаҳри Қоҳира муқим шуд.

Маҳз дар ҳамин ҷо ситораи бахти ӯ тулӯъ кард ва миёни бузургоне чун Шайх Муҳаммад Рифъат, Шайх Алӣ Маҳмуд ва Шайх Аҳмад Надо ба шӯҳрат расид. Шӯҳрати воқеии ӯ аз шаби анҷумани ҷашни мавлуди Имоми Ҳусайн (а), вақте ки дар канори қориёни саршинос тиловат кард, оғоз ёфт.

Ҳама аз ширинӣ ва латофати садояш, инчунин аз хушӯъ ва тамкин дар иҷрояш мафтун шуданд. Пас аз он, номи ӯ дар ҷаҳони тиловати Қуръон дурахшид ва садояш дар саросари олами араб ва ислом танин андохт. Услубаш, ки хунӯъи дилӣ ва ҳирфиятро ҷамъ мекард, ӯро комилан барҷаста намуд — барои ҳамин ӯро «сутуни санъати тиловат» номиданд.

Дар оғози фаъолияташ гурӯҳе барои тӯвошиҳ ва ибтиҳол ташкил карда буд, аммо соли 1930, пас аз он ки ба бемории ҳалқ мубтало шуд, тасмим гирифт худро комилан ба тиловати Қуръони карим бахшад ва тӯвошиҳро абадан тарк кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ нисбат ба дӯстонаш содиқ монд ва то охири умраш ба аъзои гурӯҳ ҳаққи моҳона пардохт мекард.

Шайх Шаъшоӣ муддати дароз аз қироат дар микрофон худдорӣ мекард ва онро нораво медонист. То соли 1934, ки фатво дар бораи иҷоза барои истифодаи микрофон содир шуд ва баъди ин фатво, ӯ ба Радиои Миср пайваст. Пас аз Шайх Муҳаммад Рифъат, ӯ дуюмин қории расмии радио гардид ва солона 500 фунт маздӣ мегирифт.

Беш аз 400 қироати мондагор аз ӯ дар Радиои Миср сабт шудааст, ки то ҳанӯз пахш мегардад.

Ӯ ба кишварҳои хориҷӣ низ сафар кард ва аввалин касе буд, ки Қуръони каримро аз баландгӯякҳои Масҷидулҳаром дар Макка, Масҷидуннабӣ дар Мадина, ва дар Рӯзи Арафа соли 1948 тиловат кард. Соли 1954 ба Ироқ рафт ва ин сафарро дар солҳои 1958 ва 1961 такрор намуд ва дар бузургтарин маҷлисҳои исломии он кишвар тиловат кард.

Шаъшоӣ ҷоизаҳои зиёде аз Вазорати авқофи Миср дар қадрдонии хизматҳояш ба Қуръон гирифт ва соли 1990 ба ӯ Нишони улуми ва санъати дараҷаи якум тақдим карданд.

Ин қории бузурги мисрӣ тамоми умри худро дар хидмати Қуръон гузаронд, то ин ки 11 ноябри соли 1962, дар синни 72-солагӣ аз дунё гузашт. Аз ӯ як мероси бузурги садоӣ боқӣ монд ва як шогирд — писараш Шайх Иброҳим Шаъшоӣ — ки роҳи падарашро дар тиловати Қуръон идома дод.

Дар поён танҳо видеои мавҷуд аз қироати устод Абдулфаттоҳ Шаъшоӣ дар маросими руъяти ҳилоли Рамазон соли 1958 дар қасри Абидин Қоҳираро мебинед.

код

4316196

captcha