IQNA

Зани 79-солаи мисрӣ тавонист тамоми Қуръонро аз ёд кунад

23:26 - November 21, 2025
рақами хабар: 4136
Фотима Атйиту, зани сокини шаҳри «Қано» дар Миср, дар остонаи 80-солагиаш, бо он ки савод надошт, тамоми Қуръонро аз ёд кард.

Ба гуфтаи «Садил-Балад», ӯ пас аз 15 соли кӯшишҳои пайваста барои омӯхтан ва ҳифзи Қуръон ба ин дастовард ноил шуд. Ӯ дар ҳоле ки синнаш ба 80 наздик аст ва бесаводиро паси сар кард, ин роҳро бо мушкилот, вале бо иродаи қавӣ тай намуда, ҳофизи кулли Қуръон гашт.

Дар як маросим дар ҷамъияти «Аҷёли Мустақбал» дар минтақаи «Маъна»-и шаҳри Қано ин муваффақияти Қуръонӣ эълон шуд. Онҳое, ки дар роҳи омӯзиш ва азбаркунии Қуръон ба ӯ ёрӣ дода буданд, низ дар ин маросим ширкат карданд.

Дар ин барнома аз Фотима Атйиту ва ҳамаи касоне, ки дар ин роҳи илмӣ ва динӣ дастгираш буданд, қадрдонӣ карданд.

Азбар кардани тамоми Қуръон дар ин синну сол ба ҳама нишон медиҳад, ки то вақте ирода вуҷуд дорад, синну сол ҳеҷ гоҳ монеаи омӯзиш ва тағйир барои зиндагии беҳтар намешавад.

Аҳмад Абдулқодир, раиси Шӯрои мудирияти ҷамъияти «Аҷёли Мустақбал», дар ин бора гуфт: Фотима Атйиту 79 сол дорад ва хондану навиштанро намедонист; аммо бо иштирок дар дарсҳои саводомӯзии ин ҷамъият, дар муддати кӯтоҳ хондану навиштанро ёд гирифт ва баъдан ба ҷаласаҳои азбаркунии Қуръон ва омӯзиши аҳкоми таҷвид ҳамроҳ шуд.

Ӯ илова кард: Дар тӯли 15 сол, чандин устодони барҷаста, аз ҷумла шайх Исмоил Муҳаммад, Шаймо Раҷаб ва Фотима Маҳмуд, ба ин хонум Қуръони Каримро омӯзониданд. Ба ҳамин муносибат, бо иштироки зиёда аз 170 зану духтар маросими махсуси қадрдонӣ аз Фотима Атйиту ва устодони ӯ дар омӯзиш ва ҳифзи Қуръон баргузор шуд.

4317667

captcha