
Ба гузориши «Файто», Маркази Шоҳии таҳқиқот ва омӯзишҳои исломии Урдун китоби солонаи худро бо номи «500 шахсияти мусалмони бонуфуз дар ҷаҳон» барои соли 2025–2026 нашр карда, Аҳмад ат-Таййибро яке аз чеҳраҳои таъсиргузори ҷаҳони Ислом эълон намудааст.
Ин интихоб ба хотири нақши бузурги ат-Таййиб дар раҳбарии муассисаи ал-Азҳар — куҳанитарин маркази илмии исломӣ — ва талошҳои пайвастааш дар густариши миёнаравӣ, тақвияти арзишҳои гуфтугӯ ва сулҳ анҷом шудааст.
Дар китоб таъкид шудааст, ки Шайхи ал-Азҳар ба далели мақоми илмӣ ва нақши пештозаш, ки аз марзҳои ҷаҳон Ислом фаротар рафтааст, дар ин феҳрист қарор гирифтааст. Ҳамчунин ӯ яке аз чеҳраҳои барҷастаи дунёи Ислом дар даврони муосир ва аз бонуфузтарин шахсиятҳо дар масъалаҳои уммат, мубориза бо ифротгароӣ ва дифоъ аз арзишҳои одилона — махсусан парвандаи Фаластин — ба ҳисоб меравад.
Дар ин китоб омадааст, ки Аҳмад ат-Таййиб ал-Азҳарро ба гирифтани мавқеъҳои равшан ва шарафмандона дар муқобили ҷиноятҳои наслкушӣ ва беҷогардонии мардум дар Ғазза, ва ҳамчунин пуштибонӣ аз талошҳои инсонпарваронаи ёрӣрасонӣ ҳидоят кардааст.
Ҳамчунин гузориш меафзояд, ки ал-Азҳар таҳти роҳбарии ат-Таййиб ҳамоно рисолати ҳазорсолаи худро ҳамчун як қалъаи улуми исломӣ ва маркази паҳн кардани арзишҳои мӯътадилии ислом идома медиҳад.
Дар идома гуфта мешавад, ки Шайхи ал-Азҳар бар бузургтарин низоми таҳсилоти динии ҷаҳон назорат мекунад, ки беш аз ду миллион донишҷӯ дар сатҳҳои гуногунро дар бар мегирад ва донишҷӯён аз зиёда аз 120 кишвари ҷаҳонро қабул мекунад. Ҳадаф ин аст, ки хатмкардагони ал-Азҳар ба як шабакаи ҷаҳонӣ табдил шаванд, ки паёми тасоҳур ва мӯътадилии Исломро паҳн кунанд ва дар ислоҳи тасаввуроти нодуруст ва боло бурдани огоҳии дурусти динӣ саҳм гузоранд.
Ин гузориш ҳамчунин талошҳои Аҳмад ат-Таййибро дар гуфтугӯҳои байниадёнӣ, дидорҳои таърихии ӯ аз Ватикан, пуштибонии ҳамешагиаш аз донишҷӯёни хориҷӣ ва таъсиси муассисаву марказҳои ал-Азҳар дар хориҷи Миср барои густариши Исломи мӯътадил тавзеҳ медиҳад.
Ҳамчунин Усома ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Урдун низ дар феҳристи «500 шахсияти мусалмони бонуфузи ҷаҳон» барои соли 2025–2026 ҷой гирифтааст ва дар ин китоб аз нақши муассири ӯ дар ҳавзаи динӣ ва фикрӣ қадрдонӣ шудааст.
4317857