IQNA

Нахустин осорхонаи қориёни Миср ифтитоҳ шуд + филм

12:32 - December 17, 2025
рақами хабар: 4231
Нахустин осорхонаи қориёни Миср, вобаста ба Дорулқуръони Маркази фарҳангии исломии Миср, дар пойтахти маъмурии нави ин кишвар ифтитоҳ гардид.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-Халиҷ», ин осорхона дар маросиме бо ҳузури Усома ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср ва Аҳмад Фуод Ҳано, вазири фарҳанги ин кишвар ифтитоҳ шуд ва ин ду вазир аз бахшҳои гуногуни он боздид карданд.

Ин осорхона шомили осори шахсии 11 нафар аз қориёни барҷастаи Миср, аз ҷумла Муҳаммад Рафъат, Абдулфаттоҳ Шуъшоиӣ, Тоҳо ал-Фашнӣ, Мустафо Исмоил, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Муҳаммад Сиддиқ Миншовӣ, Абулъайнан Шуъайш, Маҳмуд Алӣ ал-Банно, устод Абдулбосит Абдуссамад, Муҳаммад Маҳмуд Таблавӣ ва Аҳмад ар-Розифӣ мебошад. Хонаводаҳои ин қориён низ дар маросими боздид аз осорхона ҳузур доштанд.

Тарроҳии ин осорхонаро муҳандис Карим аш-Шопурӣ анҷом додааст. Ин макон дорои чор толори аслӣ буда, маҷмӯае аз нусхаҳои хаттӣ, осори нодир ва иҷозатномаҳои қуръонӣ, ки аз ҷониби Ал-Азҳар ба бархе аз қориён эҳдо шудаанд, дар он нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳамчунин толори ихтисосии гӯш додан ба тиловатҳои баргузида (гулчин) аз дигар бахшҳои осорхона аст, ки ба боздидкунандагон таҷрибаи ҳамаҷонибае барои ошноии бештар бо қориён ва шунидани тиловатҳои онҳо фароҳам меорад.

Вазири авқофи Миср дар ин маросим изҳор дошт: ифтитоҳи осорхонаи қориёни Қуръон гоме муҳим дар роҳи ҳифзи ҳувияти динии миёнарав ва посдошти рамзҳои тиловат аст, ки Қуръони Каримро пеш аз гӯшҳо ба дилҳои мардум мерасониданд.

Усома ал-Азҳарӣ афзуд: мактаби тиловати Қуръони Миср дар нашри дарки дурусти китоби Худо ва ниҳодина кардани арзишҳои зебоӣ, хузӯъ ва миёнаравӣ дар миёни уммати ислом таъсиргузор будааст.

Вай баён кард: қориёни Қуръони Миср маҳорати худ дар улуми Қуръон, иҷрои олӣ ва тиловати холисонаро бо ҳам даромехтанд ва ҳамин амр боис шуд, ки тиловатҳояшон ба як мактаби фикрӣ барои наслҳои гуногун табдил ёбад.

Вазири авқофи Миср ҳамчунин таъкид кард: ин осорхона нақши муҳимме дар муаррифии таърихи рамзҳои тиловат ва нақши онҳо дар огоҳибахшии динӣ ва маънавӣ дорад.

код

4323165

captcha