
Ба гузориши «Икно» бо истинод ба хабаргузории расмии Ироқ, Осорхонаи Қуръони Карим дар Маккаи мукаррама яке аз нодиртарин нусхаҳои Қуръон бо арзиши бисёр баланди таърихиро, ки «Мусҳафи куфӣ» ном дорад, ба маърази тамошо гузоштааст; нусхае, ки яке аз далелҳои муҳими марбут ба марҳилаҳои тадвини Қуръони Карим ба шумор меравад.
Ин мусҳаф шаҳодати равшане аз таҳаввули ҳунари хушнависии исломӣ дар садаҳои нахустин мебошад.
Ин нусхаи Каломи Худо ба асри дуввум ё сеюми ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба асрҳои ҳаштум ё нӯҳуми милодӣ, тааллуқ дорад ва бо хатти куфӣ бар рӯйи пуст навишта шудааст; маводе, ки аз қадимтарин маводҳои истифодашуда дар китобати мусҳафҳо ба шумор меравад.
Дар ин гузориш омадааст, ки ин мусҳаф ба шакли «уфуқӣ» тадвин шудааст; шакле, ки дар оғози китобати Қуръон роиҷ будааст ва вижагиҳои ҳунарӣ ва фаннии он давраи таърихиро инъикос мекунад.
Ин нусхаи Қуръон аз ояти 50-уми сураи Оли Имрон оғоз шуда, то поёни сураи Абас идома меёбад ва намунае аз мусҳафҳои ҷузъӣ мебошад, ки дар давраҳои ибтидоӣ роиҷ будаанд.
Аз чунин навъи мусҳафҳо барои ҳадафҳои таълимӣ, ҳифзи Қуръон ва ҳамчунин муомилаву истифода миёни уламо ва толибилмони улуми динӣ истифода мешудааст.
Ба намоиш гузоштани ин мусҳаф дар чорчӯби рисолати Осорхонаи Қуръони Карими Маккаи мукаррама ҷиҳати муаррифии ганҷинаҳои қуръонӣ ва нусхаҳои хаттии нодир сурат гирифтааст. Ҳадаф аз ин иқдом, ошно кардани боздидкунандагон бо таърихи мусҳафи шариф, равандҳои таҳаввули хатти арабӣ ва талошҳои мусулмонон дар тӯли қарнҳо барои ҳифз ва китобати Қуръони Карим ба зеботарин шакли мумкин мебошад; иқдоме, ки ҳамзамон ба ғанӣ гардондани таҷрибаи фарҳангӣ ва маърифатии боздидкунандагони «минтақаи фарҳангии Ҳиро» низ мусоидат мекунад.
4329829