
Ба гузориши Икно ба нақл аз «Ал-Явм», ин вазоратхона маҷмӯае аз нашриёти Маҷмааи чопи Қуръони «Малик Фаҳд»-и Арабистони Саудиро дар гӯшаи (стенди) ин кишвар дар 57-умин Намоишгоҳи байналмилалии китобии Миср ба намоиш гузошта, ҳамчунин 50 ҳазор нусхаи Қуръони Каримро дар андозаҳои гуногун ба боздидкунандагони намоишгоҳ ҳадя кардааст.
Гӯшаи Арабистони Саудӣ дар ин намоишгоҳ инчунин муаррифии китобхонаи электронии исломӣ ва талошҳои ин кишвар дар заминаи барномаҳои рақамӣ ва аппликатсияҳои «Шаҳодатайн»-и саҳеҳ ва ҳаҷҷи маҷозиро ба забонҳои гуногун дар бар мегирад.
Боздидкунандагони намоишгоҳ бо ҳузур дар ин гӯша метавонанд тавассути фанноварии воқеияти маҷозӣ (VR) бо бахшҳои гуногуни Масҷидулҳаром дар Макка ва Масҷидуннабӣ (с) дар Мадина ошно шаванд.
Ин иштироки фаъол дар чорчӯби талошҳои Вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ ҷиҳати густариши паёми Ислом, таҳкими ҳузури фарҳангии ин кишвар дар маҳфилҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба ҳадафҳои дурнамои «2030»-и Саудӣ сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки 57-умин Намоишгоҳи байналмилалии китобии Қоҳира аз 23 январи соли 2026 (3-юми баҳман) дар Маркази намоишгоҳҳои байналмилалии Миср оғоз ёфта, то 3 феврали соли 2026 (14-уми баҳман) идома хоҳад ёфт.
Шиори ин давраи намоишгоҳ «Касе, ки як соат мутолиаро қатъ кунад, садсолаҳо ақиб мемонад» мебошад ва дар ин рӯйдод 1457 маркази нашриётӣ аз 83 кишвар ширкат кардаанд.
4330412