IQNA

Қуръони хаттӣ; мероси таърихӣ дар Китобхонаи Албания

15:17 - February 21, 2026
рақами хабар: 4417
Китобхонаи миллии Албания ҳамзамон бо моҳи Рамазон аз як нусхаи хаттӣ ва арзишманди Қуръони Карим рӯнамоӣ кард, ки ба соли 1328 ҳиҷрии румӣ (тақрибан мутобиқ ба соли 1912 милодӣ) бармегардад.

Ба гузориши Икно ба нақл аз «Муслимун ҳавли-л-ъолам», ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон, Китобхонаи миллии Албания дар Тирана аз ганҷинае қуръонӣ парда бардошт, ки дар миёни маҷмуаи нусхаҳои хаттии ин марказ нигаҳдорӣ мешавад.

Ин нусхаи аслии Қуръони Карим, ки дастнавис буда ва ба забони арабӣ навишта шудааст, аз нигоҳи зебоии хат ва дақиқии китобат дар сатҳи мумтоз қарор дорад ва нишондиҳандаи таваҷҷуҳи вижаи уламо ва котибони он давра ба китобати Қуръон аст.

Ин осори таърихӣ гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳ ба Қуръони Карим ҳамвора бахши ҷудонашавандаи ҳаёти динӣ ва фарҳангии ҷомеаи мусалмони Албания дар давраҳои гуногуни таърихӣ будааст.

Имзои поёнии котиб
Аз вижагиҳои барҷастаи ин нусха зикри номи котиб дар поёни он мебошад. Таърихи дарҷшуда дар ин нусха соли 1328 ҳиҷрии румӣ аст, ки бо тақрибан соли 1912 милодӣ ва солҳои поёнии ҳокимияти Усмонӣ бар Албания ҳамзамон мебошад.

Рунамоӣ аз ин нусхаи хаттӣ дар моҳи Рамазон, ки ба унвони «моҳи Қуръон» шинохта мешавад, паёми рамзӣ дорад. Намоиши ин санади таърихӣ бозхонии ҳофизаи решадори қуръонӣ дар миёни мусалмонони Албания ва ёдовар аз идомаи ҳузури Қуръон дар виҷдони динӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Китобхонаи миллии Албания ҳамчунин бо рақамисозии ин асар ва нашри он дар китобхонаи электронии худ, имкони дастрасии муҳаққиқон ва алоқамандонро ба ин Қуръон дар ростои ҳифзи мероси исломӣ ва интиқоли он ба наслҳои оянда фароҳам кардааст.

4335733

captcha