IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 15

Беҳтарин дин ва оин

19:06 - November 30, 2023
рақами хабар: 765
Теҳрон (ИКНА) рӯйкардан ба Худованд як рӯйдоди бузурги зиндагии одамӣ аст, ки ба баракати он, шахс аз парешонӣ ва парокандагӣ раҳо мешавад ва дармеёбад, ки сару кори ӯ танҳо бо як нафар аст ва худро ба он яке, ки ба танҳоӣ кулли ҷаҳон аст, таслим мекунад.

وَمَنْ أَحْسَنُ دِينًا مِمَّنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ وَاتَّبَعَ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا وَاتَّخَذَ اللَّهُ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا; “Ва кист дин ва оинаш аз ин беҳтар, ки яксара рӯй дар Худо кунад ва таслими фармони Ӯ шавад ва некӯкор бошад ва дини поки Иброҳимро (, ки сироти мустақими Худост) пайравӣ кунад ва Худованд Иброҳимро ба дӯстӣ баргузид”. (Нисоъ, 125).

Чӣ касе метавонад маротиби дин ва ҷавҳари диндориро латифтар, хушоҳангтар ва беҳтар аз ин ба одамӣ муаррифӣ кунад; Одамӣ ҳангоме ба ҳақиқати диндорӣ мерасад, ки рӯй ба Худо кунад, чунонки ҳазрати Иброҳим (а) гуфт: “Ман рӯйи худро ба ҷониби он касе кардам, ки офаридагори осмонҳо ва замин аст”.

Ва ин рӯй ба Худо кардан як рӯйдоди бузурги зиндагии одамӣ аст, ки ба баракати он шахс аз парешонӣ ва парокандагӣ раҳо мешавад ва дармеёбад, ки сару кори ӯ танҳо бо як нафар аст ва худро яксара ба он яке, ки ба танҳоӣ кулли ҷаҳон аст таслим мекунад.

Ҳангоме, ки одамӣ рӯй аз худпарастӣ ба сӯи Худо кард ва тамоми дилро дар гарави муҳаббати Ӯ ниҳод, оғози мусулмонии ӯст ва чун рӯй ба он соҳиби зебоӣ гардонид ва дил ба Ӯ сипурд, худ низ некӯкор мешавад ва дигар ҷуз ончи, ки муносиби зебоӣ аст, коре намекунад, балки миллат ва диёнати Иброҳим(а)-ро пайравӣ мекунад ва он дёнате аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ноҳақ ҳатто майл намекунад то чӣ расад, ки ба ноҳақ пардозад.

Дар муқобили дини ҳаниф, он роҳе қарор дорад, ки майл ба ботил ва ноҳақ дорад. Ин оят ҳама некӯкорони ҷаҳонро аз ҳар дин ва миллате, ки бошанд, бо ҳам пайванди дӯстӣ ва ягонагӣ медиҳад. Зеро чун ҳама ахлоқи иброҳимӣ ёфтанд, Худованд ишонро низ монанди Иброҳим ба дӯстӣ мегирад ва кадом саодат бартар аз дӯстии Худованд аст?

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha