iqna

IQNA

Чаҳоршанбе дар Теҳрон
ИКНА - МаросимИ бузургдошти шаҳид Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури қуръонӣ ва ҳамроҳони ишон аз сӯи ҷомеаи қуръонии кишвари Эрон дар Теҳрон баргузор мешавад.
рақами хабар: 1575    Санаи нашр : 2024/05/28

ИКНА - Ойини хатми Қуръони Карим, ёдбуди шаҳодати Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳон дар ҳарами ҳазрати Зайнаб хоҳари имом Ризо (а) баргузор шуд.
рақами хабар: 1554    Санаи нашр : 2024/05/25

ИКНА - Маросими ҷашни имоми Ризоиҳо аср рӯзи ҷумъа, 28 урдибиҳиштмоҳ бо ҳузури ошиқони имом Ризо (Алайҳиссалом) дар Теҳрон барпо шуд.
рақами хабар: 1514    Санаи нашр : 2024/05/18

ИКНА - Дабирхонаи панҷумин ҷашнвораи байналмилалии филми «Кавсар» фарохони бахши рақобати мусобиқаи филмномаи 135 сонияро дар чаҳор шохаи аслӣ ва 14 зер шоха мунташир кард.
рақами хабар: 1512    Санаи нашр : 2024/05/18

Қадирии Абёна таъкид кард:
ИКНА - Сафири асбақи Эрон дар Мексика ва Австралия бо ишора ба намоиши азими ниҳодина шудани танаффур ва ибрози инзиҷор нисбат ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар ҳаҷҷи имсол, баён кард: дар ҳаҷҷи имсол ҳукуматҳо ва давлатҳое, ки дар гузашта вобастагии шадиде ба Амрико доштанд ва саъй мекарданд аз фарёди бароат аз мушрикин мумонат кунанд, то ҳудуде аз ин масъала ақибнишинӣ карда ва замина барои барпоии бошукӯҳи ин маросим фароҳам аст.
рақами хабар: 1508    Санаи нашр : 2024/05/15

Раисҷумҳури Эрон дар дидори ҷамъе аз чеҳраҳои фарҳангии ҷаҳони Ислом:
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ бо баёни инки имрӯз масъалаи Фаластин, ба масъалаи нахуст ва муштараки ҳамаи миллатҳои мусулмон ва озодаи ҷаҳон табдил шудааст, изҳор кард: ба рағми талоши душман барои илқои ноумедӣ миёни уммати исломӣ, истодагӣ ва муқовимати миллатҳои бедор ва озода дар баробари зулми таърихӣ ба мардуми мазлуми Ғазза, навиддиҳандаи ин паём аст, ки пирӯзии миллати Фаластин ва нобудии режими ҷинояткори саҳюнистӣ қатъӣ аст.
рақами хабар: 1507    Санаи нашр : 2024/05/15

ИКНА - Намоишгоҳи «Ривояти Борон» аз 31 фарвардин моҳ дар фарҳангсарои Ниёварони Теҳрон ба муддати як моҳ доир аст ва алоқҳмандон метавонанд аз ин намоишгоҳ боздид кунанд.
рақами хабар: 1502    Санаи нашр : 2024/05/14

Дар нишасти тахассусии «Воковии номаи раҳбари Инқилоби Эрон ба ҷавонони Аврупо ва Амрико» матраҳ шуд;
ИКНА - Дар 35-ҷумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, номаи мақоми муаззами раҳбарӣ дар кишварҳои мухталиф мавриди воковӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст ишора шуд, ки номаи раҳбари Олии Эрон ба ҷавонони Ғарб онҳоро бедор кард. 
рақами хабар: 1501    Санаи нашр : 2024/05/14

ИКНА - Ба ҳиммати ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қатар, мусҳафи Машҳади Разавӣ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Доҳа рӯнамоӣ мешавад. 
рақами хабар: 1498    Санаи нашр : 2024/05/13

Дар намоишгоҳи байналмилалии китоб
ИКНА - 10 ҷилд аз тафосири Қуръони мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ ба забони арабӣ бо ҳамкории муштараки маркази сомондаҳии тарҷума ва нашри Маорифи исломӣ ва улуми инсонӣ ва муассисаи интишороти Инқилоби Исломӣ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон рӯнамоӣ шуд.
рақами хабар: 1496    Санаи нашр : 2024/05/13

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон , субҳи имрӯз душанбе бо ҳузур дар мусаллои Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон аз 35-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон боздид карданд.
рақами хабар: 1494    Санаи нашр : 2024/05/13

ИКНА - Сию панҷумин намоишгоҳи Китоби Теҳрон бо шиори «Бихонем ва бисозем», аз чаҳоршанбе 19 урдибиҳишт моҳ дар мусаллои имом Хумайнӣ (рҳ) дар Теҳрон оғоз ва то 29 урдибиҳишт моҳ ҷиҳати боздиди алоқамандон доир аст.
рақами хабар: 1493    Санаи нашр : 2024/05/13

Дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳи байналмилалии Китоб матраҳ шуд:
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳи байналмилалии Китоб, нависандагон, ҳунармандон ва аҳолии фарҳангро ба таваҷҷуҳи бештар ба масоили фармиллӣ ба вижа мавзӯъи Фаластин ва Ғазза фаро хонд ва гуфт: имрӯз Ғазза ба тоблуе табдил шуда, ки як ваҷҳи он сафҳаи равшани шарофат, муқовимат ва дилдодагӣ ба Худо аст ва сафҳаи торики он низ намоиши авҷи разолат, ҷиноят ва наслкушии режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ӯ, дар раъси онҳо амркоиҳо аст. 
рақами хабар: 1483    Санаи нашр : 2024/05/12

ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон пас аз ҳузур дар марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфтанд: Аҳамияти марҳалаи дувуми интихобот камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ маҷлисро такмил кунанд.
рақами хабар: 1481    Санаи нашр : 2024/05/11

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон , субҳи имрӯз, дар дидори масъулон ва коргузорони ҳаҷ ва ҷамъе аз зоирони Байтуллоҳилҳаром, зикри Парвардигор ва «ваҳдату иртиботи мусулмонон»-ро ду унсури бисёр муҳими маънавӣ ва иҷтимоии фаризаи ҳаҷ хонд ва бо ишора ба ҳодисаи азими Ғазза ва ҷиноятҳои режими хӯношоми саҳюнистӣ гуфт: Ҳаҷи имсол дар партави оёти Қуръони Карим ва ёду номи мубораки ҳазрати Иброҳим (а), бояд фаротар аз ҳар сол, ҳаҷи бароату безорӣ аз ин душмани ҷинояткори мусулмонон ва ҳомиёни он бошад.
рақами хабар: 1465    Санаи нашр : 2024/05/06

15 урдибиҳиштмоҳи ҳар сол дар Эрон ба номи рӯзи Шероз номгузорӣ шудааст ва имсол ҳамзамон бо шаҳодати пешвои шиъаён ҳазрати имоми Ҷаъфари Содиқ (Алайҳиссалом) маросими маънавии ҷойгузини Қуръон дар дарвозаи Қуръон бо ҳузури мардум ва масъулон баргузор шуд
рақами хабар: 1461    Санаи нашр : 2024/05/06

Имоми Содиқ (Алайҳиссалом) мефрмоянд: «المؤمِنُ يُداري ولا يماري» "Муъмин, касе аст, ки мудоро мекунад ва намеситезад. [Аъломуддин, сафҳаи 303].
рақами хабар: 1454    Санаи нашр : 2024/05/05

ИКНА - Ҳамоиши омӯзиши - тавҷеҳии зоирони ҳаҷҷи тамматуъи 1403 устони Теҳрон субҳи рӯзи шанбе, 15 урдибиҳиштмоҳ дар варзишгоҳи 12 ҳазор нафарии озодӣ баргузор шуд.
рақами хабар: 1452    Санаи нашр : 2024/05/05

ИКНА - Тиловати оёти 21 то 24 сураи муборакаи Аҳзоб ва оёти ибтидоии сураи Алақро бо садои Сайидпорсо Ангуштон, қории Қуръони Карим аз устони Мозандарон мешнавед.
рақами хабар: 1450    Санаи нашр : 2024/05/04

Раҳбари Инқилоби Эрон дар дидори ҷамъе аз муаллимон:
ИКНА - Раҳбари муаззами Инқилоби Эрон дар дидори ҷамъе аз муаллимони саросари ин кишвар бо баёни ин ки ташаккур аз муаллим барои тавваҷуҳ додани афкори умумӣ ба аҳамияти муаллим аст, фармуданд: Улгӯҳои ҷомеъаи муъаллимон бояд ба унвони қаҳрамон муаррифӣ шаванд.
рақами хабар: 1437    Санаи нашр : 2024/05/02