Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, субҳи имрӯз, шанбе 22 урдибиҳишт моҳ дар ҷараёни боздид аз теъдоде аз ғурфаҳо ва бархе бахшҳои сию панҷумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон, ҳимоят аз нависандагон, ноширон ва китобхононро занҷирае тавсиф кард, ки бояд ҳамаи ҳалқаҳои он ба хубӣ мавриди таваҷҷуҳ ва ҳимоят қарор гиранд.
Раисҷумҳур бо ишора ба сиёсатҳои ҳимояти вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ аз нависандагон, ноширон ва аҳолии китоб, гуфт: намоишгоҳи Китоб як рӯйдоди фарҳангии бузург ва заминае барои барқарории иртиботи муфид ва муассир байни нависандагон, ноширон ва китобхонон ва бистаре барои табодули афкор аст.
Расҷумҳур дар поён бо ишора ба ҳузури худ дар ғурфаи муштараки донишҷӯёни фаластинӣ дар Эрон, нависандагон, ҳунармандон ва аҳолии фарҳангро ба таваҷҷуҳи бештар ба масоили фаромиллӣ ба вижа мавзӯъи Фаластин ва Ғазза фаро хонд ва гуфт: дар ҷараёни ҳузур дар ин ғурфа низ тавзеҳ додам, ки имрӯз Ғазза ба тоблуи табдил шуда, ки як ваҷҳи он сафҳаи равшани шарофат, муқовимат ва дилдодагӣ ба Худост ва сафҳаи торики он низ намоиши авҷи разолат, ҷиноят ва наслкушии режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ӯ ва дар раъси онҳо амрикоиҳо аст, ки ин сафҳа парда аз нифоқ ва чеҳраи воқеии тамаддуни ғарбӣ барандохтааст ва лозим аст ин ду сафҳа бо абзорҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз ҷумла китоб ва филм сабт шуда ва барои асарҳо ва наслҳо ба намоиш дарояд.