IQNA

Раисҷумҳури Эрон дар дидори ҷамъе аз чеҳраҳои фарҳангии ҷаҳони Ислом:

Истодагии миллати Фаластин ниёзманди ривояти саҳеҳ ва ҳунармандона аст

21:30 - May 15, 2024
рақами хабар: 1507
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ бо баёни инки имрӯз масъалаи Фаластин, ба масъалаи нахуст ва муштараки ҳамаи миллатҳои мусулмон ва озодаи ҷаҳон табдил шудааст, изҳор кард: ба рағми талоши душман барои илқои ноумедӣ миёни уммати исломӣ, истодагӣ ва муқовимати миллатҳои бедор ва озода дар баробари зулми таърихӣ ба мардуми мазлуми Ғазза, навиддиҳандаи ин паём аст, ки пирӯзии миллати Фаластин ва нобудии режими ҷинояткори саҳюнистӣ қатъӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурӣ, ҷамъе аз нависандагони барҷаста ва чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангии ҷаҳони Ислом, ки барои ширкат дар сию панҷумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба Эрон сафар кардаанд, дар ниҳоди риёсати ҷумҳурӣ бо ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Раисҷумҳурии Эрон тайи суханоне дар ин дидор зимни хушомдгӯӣ ва ибрози хурсандӣ аз дидор бо шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабии ҷаҳони Ислом, бо баён инки имрӯз душман бо импиротурии расона ва ҷараёнсозии ботил, бо ривояоти ғайри воқеӣ ва таҳрифи воқеиятҳо ба думболи ҷиҳатдҳии афкори умумии миллатҳо дар моҷарои Ғазза аст, бар аҳамияти ҷойгоҳ ва масъулияти аҳолии қалам ва фарҳанг барои муқобила бо ин тавтеа таъкид кард ва афзуд: истодагӣ, муқовимат ва худобоварии миллати Фаластин ва талошҳои ҷабҳаи муқовимат ниёзманди ривояти саҳеҳ ва ҳунармандонае аст, ки ҳиммат ва талоши музоафи шуаро, нависандагон ва чеҳраҳои фарҳангии ҷаҳони Исломро дар ин ҷанги шинохтӣ ва шабихуни фарҳангӣ металабад.

Раисӣ дар идома бо баёни инки имрӯз масъалаи Фаластин, ба масъалаи нахуст ва муштараки ҳамаи миллатҳои мусулмон ва озодаи ҷаҳон табдил шудааст, ин иттиҳод ва инсиҷоми камназирро заминасозии пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин унвон кард ва афзуд: ба рағми талоши душман барои илқои ноумедӣ миёни уммати исломӣ, истодагӣ ва муқовимати миллатҳои бедор ва озода дар баробари зулми таърихӣ ба мардуми мазлуми Ғазза, навиддиҳандаи ин паём аст, ки пирӯзии миллати Фаластин ва нобудии режими ҷинояткори саҳюнистӣ қатъӣ аст.

Раисҷумҳури Эрон рӯйдоди бузурги фарҳангии намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Ҷумҳурии Исломии Эронро бистри муносибе барои табодули афкор ва андешаҳои нухбагони фарҳангии ҷаҳони Ислом донист ва ибрози умедворӣ кард ҳузури нависандагони барҷаста ва чеҳраҳои фарҳангии ҷаҳони Ислом дар ин намоишгоҳ дар ҷиҳати иртиқои фарҳанги уммати исломӣ муассир воқеъ шавад.

Дар ин дидор, ки Муҳаммад Ал-Ҳуронӣ, раиси иттиҳодияи нависандагони Араб, Бадеуссақур ноиб раиси собиқи иттиҳодияи нависандагони Сурия, Юсуф Шақра раиси иттиҳодияи нависандагон ва удабои Алҷазоир, Мозан Аз-Зайдӣ мушовири нахуствазири Ироқ ва узви шӯрои иҷроии ҷоизаи ҷаҳонии Фаластин, Тарод Ҳамода вазири собиқи Лубнон, шоир ва адиб ва ноиби раиси шӯрои сиёсатгузории ҷоизаи ҷаҳонии Фаластин, Муҳаммад Яҳё Абдурраҳмон раиси иттиҳодияи нависандагони Яман, Маоз Ал-Ҷунайд нависанда ва ноиб раиси китобхонаҳои Яман ва мунир шафиқ нависанда ва узви муассиси ҷунбиши Фатҳ ва аз муборизони қадимӣ ва бином Фаластин дар он ҳузур доштанд, бархе аз ҳозирин дар суханони кӯтоҳе зимни таҷлил аз нақши асаргузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳифзи ормонҳои исломӣ ва тарвиҷ ва густариши фарҳанги муқовимат дар ҷаҳони Ислом, ҳимоят ва пуштибонии қотеъ аз миллати Фаластин ва посухи кӯбанда ва таърихии неруиҳои мусаллаҳи Эрон ба режими саҳюнистиро мӯҷиби иртиқои қудрат, иззат ва сарафрозии уммати исломӣ донистанд.

Ҳамчунин меҳмонон осори мунташир шудаи худро ба раисҷумҳури Эрон эҳдо карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4215956

captcha