IQNA

Дар намоишгоҳи байналмилалии китоб

Тафосири арабии Қуръони мақоми муаззами раҳбарӣ рӯнамоӣ шуд

18:14 - May 13, 2024
рақами хабар: 1496
ИКНА - 10 ҷилд аз тафосири Қуръони мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ ба забони арабӣ бо ҳамкории муштараки маркази сомондаҳии тарҷума ва нашри Маорифи исломӣ ва улуми инсонӣ ва муассисаи интишороти Инқилоби Исломӣ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз ситоди хабарии 35-ҷумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, ҳамзамон бо панҷумин рӯз аз 35-ҷумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, нишасти баррасии андешаҳои Қуръонии раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба мизбонии маркази сомондеҳии тарҷума ва нашри Маорифи исломӣ ва улуми инсонӣ рӯзи гузашта, 23 урдибиҳишт дар салони Сарои милал баргузор шуд.

Дар ин нишаст Муҳаммад Исҳоқӣ, муовини омӯзиш ва пажӯҳиши муассисаи фарҳангии пажӯҳиши Инқилоби Исломӣ, Лола Ифтихорӣ, устоди донишгоҳи шоҳид ва намояндаи собиқи се давраи маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Муҳаммад Маҳдии Аҳмадӣ, ройзани собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Испания ҳавли ин андешаҳо ва тафосир, суханоне эрод карданд.

Ҳамчунин, 10 ҷилд аз тафосири Қуръони мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ ба забони арабӣ бо ҳамкории муштараки маркази сомондаҳии тарҷума ва нашри Маорифи исломӣ ва улуми инсонӣ ва муассисаи интишороти Инқилоби Исломӣ рӯнамоӣ шуд ва Аббоси Анҷом, пажӯҳишгари қуръонӣ ва мудири арабии Африқоии муованати бурунмарзии садо ва симо дабири ин нишаст буд.

Пуштивонаи қуръонии баёноти раҳбарӣ

Лола Ифтихорӣ дар ин нишаст ба ташреҳи гароишҳои тафсирии раҳбари Инқилоб пардохт ва гуфт: Худованд рисолати Паёмбар (с)-ро табйин қарор додаанд. Ин рисолат баъд аз Паёмбар (с) тавассути Аҳли байт (а) идома пайдо кард ва дар асри ғайбат, муфассирон ин рисолатро анҷом додаанд ва ба хотири ҳамин бузургони дин ба тафсир пардохтаанд.

Ӯ бо таъкид бар инки раҳбари Инқилоб аз ҷавонӣ то ба имрӯз ба тафсир пардохтаанд, афзуд: агар як баррасӣ нисбат ба баёноти раҳбари Инқилоб дошта бошем дармеёбем, ки муаззамунлаҳ барои ҳамаи баёноташон пуштивонаи қуръонӣ доранд. 

Тафаҳҳуси қуръонӣ

Дар идома, Муҳаммадмаҳдии Аҳмадӣ, ройзани фарҳангии собиқи Эрон дар Испания бо баррасии иртиботи китоби «Селлули чаҳордаҳ» хотироти раҳбари Инқилоб бо андешаҳои қуръонии ишон гуфт: беш аз 50 сол умри шарифи раҳбари Инқилоб дар тафаҳҳуси қуръонӣ будааст. Ба далели ҷомеъияти фикрии ишон дар фиқҳ, усул, тафсир, ҳуқуқ ва адабиёт, нигоҳи ишон дар тафсир бо як рӯйкарди мубтакирона думбол шуда, ки метавонад муқаддимаи шаклгирии як тамаддуни навини исломӣ бошад.

Ӯ китоби «Селлули чаҳордаҳ»-ро дар ростои таъкиди Қуръон бар муқовимат донист ва бо баёни инки дар каломуллоҳ таъкиди вижа аст, ки ҳаркас муқовимат кунад ва дар муқобили зулм ба сӯи ҳақиқат бошад, пирӯз хоҳад шуд, идома дод: намунаи сабр ва муқовимат мавриди таъкиди Қуръонии шахсияти раҳбари Инқилоб аст, ки дар ин китоб аҳволашон баён шудааст.

Забони содда ва муосир

Муҳаммадмаҳдии Шариатмадорӣ низ дар ин нишаст дар бораи сабки тафсири Қуръони мақоми муаззами раҳбарӣ баён кард: сабки муаззамунлаҳ дар тафсири Қуръон барои сохтани як ҷомеаи исломӣ ва ҳукумати исломӣ бо забони содда ва муосир аст. Истишҳодоти қуръонӣ фаровоне дар каломи муаззамунлаҳ вуҷуд дорад, ки агар ҷамъоварӣ ва дастабандӣ шаванд, метавонад дастмояи як тафсири мавзӯии қуръонӣ шавад, ки дар арсаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ беназир бошад.

Дар поён Муҳаммади Исҳоқӣ бо таъкид бар андеша ва амали раҳбари Инқилоб дар иқомаи Қуръон гуфт: шахсияти раҳбари Инқилоб вуҷӯҳи гуногуне дорад ва ҳаракати муаззамунлаҳ бармадори Қуръон аст. Агар ишон мехоҳанд аз ҳунар ва ҳувият сухан бигӯянд, аз мабонии қуръонӣ истифода мекунанд ва мухотабони ишон гурӯҳҳои мухталиф ва мардуми Эрон ва ҷаҳон ва масъулини дохилӣ ва ҳатто душманон аст.

35-ҷумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо шиори «Бихонем ва бисозем» аз 19 то 29 урдибиҳишт 1403 дар маҳалли мусаллои имом Хумайнӣ (рҳ) ба шакли ҳузурӣ ва дар сомонаи ketab.ir ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4215447

captcha