IQNA

Ибтикори бонуи аҳли Косово барои тарвиҷи маорифи исломӣ дар дили мардум

7:38 - February 05, 2024
рақами хабар: 1035
ИКНА - "Миҳана Гога Бакташӣ", фаъоли иҷтимоӣ аҳли Косово ба маҳзи интишори маҷаллаи «Маърифати Исломӣ», ки бояд онро муҳимтарин маҷаллаи чопии мусулмонони ин кишвар донист ба чандин шаҳри минтақа сафар ва нашрияро аз тариқи гуфтугӯи мустақим ба мардум муаррифӣ ва онҳоро ҳарчи бештар бо маорифи исломӣ ошно мекунад.

Ба гузориши манобе хабарӣ «Маърифати Исломӣ» муҳиммтарин маҷаллаи исломӣ дар Косово аст, ки бо пешинаи наздик ба чиҳил сол ба забони албанияӣ ба интишори маорифи исломӣ ва баррасии масоили ҷомеаи мусулмон дар ин минтақа мепардозад.

Ин маҷалла аз сӯи «ҷомеаи исломии Косово» мунташир мешавад. Дар солҳои ахир ин маҷалла бо муаррифии "Миҳана Гога Бакташӣ", фаъолли иҷтимоӣ дар рӯйдодҳои исломӣ маҳбубияти бисёре ёфтааст. Ин фаъолли иҷтимоӣ ба маҳзи интишори маҷаллаи маърифати исломие, ки бояд онро муҳиммтарин маҷаллаи чопи мусулмонон Косово донист, ба чандин шаҳри минтақа сафар ва маҷалларо аз тариқи гуфтугӯи мустақим дар бораи таърихча ва матолиби он ба мардум муаррифӣ мекунад. 

Миҳана Гога Бакташӣ, ин ибтикорро ба танҳоӣ ва бидуни ҳеҷгуна маъмурияте аз сӯи муассисаи «Дорул-Маърифа» вобаста ба ҷомеа исломии Косово анҷом медиҳад ва акнун пас аз моҳҳо тавонистааст муваффақияти қобили таваҷҷуҳе дар заминаи муаррифии маҷалла дар маҳаллот, фурӯшгоҳҳо ва ҳамчунин муассисоти мухталиф дар пойтахти ин минтақа яъне шаҳри Приштина, касб кунад. 

Атри маърифати исломӣ дар хонаҳои мардуми мусулмони Косово

Миҳана Гога Бакташӣ, дар сафарҳои худ ба шаҳрҳои мухталифи Косово барои муаррифии ин маҷалла бо истиқболи густурдаи Шӯроҳои фатво ба вижа муаллимони бахши занони ин Шӯроҳо мувоҷеҳ шудааст. Онҳо Миҳанаро дар ин фаъолияти муҳим ва арзишманд ёрӣ мекунанд ва мардум низ истиқболи бисёре аз ин маҷалла кардаанд, чаро, ки ба гуфтаи худ алоқаи бисёре ба равшан сохтани хонаи худ бо нури маорифи исломӣ ва муаттар сохтани он бо атри чунин маорифе доранд.

معرفت اسلامی: مهم‌ترین مجله مسلمانان کوزوو

Се нашрияи қадимии албанияоӣ дар ғарби Балкан

Шӯрои мусулмонони Косово се нашрияи исломиро дар ин минтақа мунташир мекунад, ки қадимитарини маҷаллот ба забони албанияоӣ дар минтақаи Балкан ба шумор меравад. Ин маҷаллот иборатанд аз: 
 1- Тақвими солона: 
 2 – Тарбияти исломӣ 
 3 - Маърифати исломӣ

Ин нашриёт нақши таъйинкунанда ва меҳварӣ дар муаррифии Ислом дар миёни мардуми Косово ва ҳамчунин албанияоиҳои Югославияи собиқ ифо карданд ва имрӯза доманаи нуфузи онҳо ба ҷавомеъи муҳоҷири албанияоӣ дар саросари ҷаҳон густаришёфтааст ва ба шакли густурда мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Ин маҷаллот яке аз қудратмандтарин абзорҳои динӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ «ҷомеаи исломии Косово» аст, ки ба сурати чопӣ ва диҷитолӣ мунташир мешавад.

معرفت اسلامی: مهم‌ترین مجله مسلمانان کوزوو

Мусулмонони Балкан бо вуҷуди пешинаи ба қидмати чанд қарн барои солҳо бо табъизи созмонёфта ва нақзи ҳуқуқи худ мувоҷеҳ будаанд. Ин табъизҳо, ки қидмати он ба заъф ва фурӯпошии Усмонӣ мерасад, барои солҳо мусулмонони ин минтақаро ранҷ додааст.

Бо рӯйи кор омадани ҳукуматҳои камунист ба вижа дар Албания мусулмонон бо манъи интишори ҳаргуна осори динӣ ва ҳамчунин муборизаи созмонёфта бо ҳаргуна фаъолият ва андешаи динии худ мувоҷеҳ шуданд, ин амр сабаб шуд то бисёре аз мусулмонони Албания ба дигар кишварҳои ҷаҳон муҳоҷират кунанд ва акнун шоҳиди шаклгирии ҷавомеъи муҳоҷири албанияоӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳастем.

Ҷумҳурии Косово кишваре дар маркази шибҳи ҷазираи Балкан дар Аврупои Ҷануби Шарқӣ қарор дорад, ки дар соли 2008 эълони истиқлол кард. 

Гарчи Сербистон онро бахше аз хоки худ медонад. 97 кишвари ҷаҳон то 27 феврали 2017 Косоворо ба расмият шинохтаанд ва ин кишвар ба узвияти ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчун Банки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул даромадааст. Гарчӣ, Русия ва Чин ду узви доими Шӯрои амният истиқлоли Косоворо ба расмият нашинохтаанд ва ин кишвар узви Созмони Милал нест.

https://iqna.ir/fa/news/4197062

captcha