IQNA

Ҳузури намояндагони чиҳил кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Алҷазоир

22:13 - February 05, 2024
рақами хабар: 1039
ИКНА - Юсуф Балмаҳдӣ, вазири умури динӣ ва Авқофи Алҷазоир, аз мушорикати намояндагони беш аз 40 кишвар дар нуздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва тиловати Қуръони Карим дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин мусобиқот бо номи ҷоизаи байналмилалии Алҷазоир, бо ҳимояти Абдулмаҷид Табун, раисҷумҳури ин кишвар баргузор мешавад. 

Вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир дар ҷараёни назорат бар фаъолиятҳои нишасти ҳамандешӣ бо унвони «Бо Қуръони Карим, таҷрибаи зиндагӣ» дар Дорул-Имом, воқеъ дар пойтахти ин кишвар таъкид кард: дар нуздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон шоҳиди ҳузури намояндагони беш аз 40 кишвар хоҳем буд.

Ба гуфтаи вай намояндагони 20 кишвар барои ҳузур дар марҳалаи муқаддамотие, ки аз рӯзи якшанбе, 15 баҳман оғоз мешавад, интихоб шудаанд ва аз баргузидагон дар рӯзи Меъроҷи Паёмбари Акрам (с) таҷлил хоҳад шуд.

Юсуф Балмаҳдӣ дар айни ҳол аз талошҳои аҳли Қуръон ва нухбагони он дар Алҷазоир дар роҳи хидмат ба китоби Худои Мутаол қадрдонӣ ва хотирнишон кард: сабтиноми ҳазорон нафар аз ҳудуди 90 кишвар дар маҳфили маҷозии Қуръони Алҷазоир нишон аз эҳтимоми давлат ба омӯзиши Қуръони Карим аст.

Ислом ибни Фузи Дашкин, аз Федератсияи Русия ва узви ҳайати доварони мусобиқоти Қуръони Алҷазоир низ таъкид кард, ки ҳузур ва ширкати вай дар ин давраи мусобиқот навъе қадрдонӣ аз уламои Алҷазоир аст, ки дар ҳифзи мероси омӯзиши Қуръон саҳим будаанд.

Тақиюддин Мустафо Абдулбосит Ат-Тамимӣ, дигар узви ҳайати доварон аз Фаластин низ гуфт: эҳтимоми Алҷазоир ба Қуръони Карим аз гузашта буда ва амри ҷадиде нест, роҳи инқилоби Алҷазоир, кишваре бо якуним миллион шаҳид, ҳамон роҳе аст, ки Фаластини имрӯз дар роҳи озодии мардуми худ дар пеш гирифтааст.

https://iqna.ir/fa/news/4197823

captcha