IQNA

Эъломи аҳдофи анҷумани байналмилалии ҷоизаи қуръонӣ

23:03 - February 06, 2024
рақами хабар: 1046
ИКНА - Анҷумани байналмилалии ҷоизаи қуръонӣ дар ҳафтумин ҷаласаи худ дар Порт-Саъид, аҳдофи ин анҷуманро эълом кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, анҷумани байналмилалии ҷоизаи қуръонии ҳафтумин ҷаласаи худро дар шаҳри Порт-Саъиди Миср ва ҳамзамон бо фаъолияти мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карим дар ин шаҳр баргузор кард.

Дар ин ҷаласа дар бораи иқдомот ва ҳамоҳангӣ байни кишварҳои ҷаҳон дар ростои хидмат ба Қуръони Карим баҳс ва табодули назар шуд.

Ин нишаст бо ҳузури Муҳаммад Аш-Шариф, раиси анҷумани байналмилалии ҷоизаи қуръонӣ, Содиқ Алӣ, дабири кулли анҷумани байналмилалии мусобиқот ва ҷоизаи қуръонӣ, Абдуҷҷалил Ал-Маҳдӣ, муовини дабири кулли анҷуман, Абдулборӣ Абдурраҳмон, раиси мусобиқоти байналмилалии Кения ва гузоришгари Анҷуман ва Одил Муслиҳӣ, раиси мусобиқоти ҷоизаи байналмилалии ҳифзи Қуръони Карими Порт-Саъид, Нуруддин Қосим, раиси ҷоизаи мусобиқоти байналмилалии Эфиопия, Алӣ Аз-Зайин, раиси ҷоизаи байналмилалии Хортум, шайхи Абдулманнон Ал-Қасурӣ, намояндаи ҷоизаи байналмилалии Танзания, Холид Ал-Моалуд, раиси мусобиқоти байналмилалии Сайид Ҷунайд дар подшоҳии Баҳрайн ва меҳмони ифтихорӣ, Абдуллоҳ Халаф, дабири кулли академияи Қуръони Карим дар Шорҷа баргузор шуд.

Одил Муслиҳӣ, мудири мусобиқоти байналмилали ҳифзи Қуръони Карими Порт-Саъид дар суханоне бо ташаккур аз руасои мусобиқот ва ҷавоизи байналмилалӣ барои посух ба даъват ва баргузории ин нишаст дар Миср, таъкид кард, ки мусобиқоти Порт-Саъид аз ҳимояти бесобиқаи сарлашкар Одил Ал-Ғазбон, устондори Порт-Саъид бархурдор будааст ва боис шуда то ин мусобиқот ба яке аз муҳимтарин мусобиқоти қуръонӣ дар ҷаҳон табдил шавад. Ба вижа инки таҳти ҳимояти Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири Миср баргузор мешавад.

Мудири мусобиқоти Порт-Саъид бо ишора ба инки маросими ифтитоҳияи мусобиқоти байналмилалии Порт-Саъид шоҳиди ҳузури намояндагоне аз мусобиқоти байналмилалӣ буда ва Миср ҳамвора чароғи роҳи Ислом ва маҳди тамаддунҳо ва кишвари Қуръони Карим будааст, таъкид кард: ҳадафи ин анҷуман, хидмат ба китоби Худованди Мутаол аст.

Муҳаммад Аш-Шариф, раиси анҷумани байналмилалии ҷавоизи қуръонӣ низ аз нақши сарлашкар Одил Ал-Ғазбон, устондори Порт-Саъид дар созмондеҳии муваффақиятомези мусобиқоти қуръонии Порт-Саъид қадрдонӣ кард.

Вай бо ишора ба инки ин нишаст дар чорчуби эъломи анҷуман ва аҳдофи он дар хидмат ба китоби Худо баргузор мешавад, таъкид кард, ки яке аз бузургтарин корҳо хидмат ба дин ва Қуръон ва таҳаққуқи аҳдофи кишварҳо ва давлатҳо дар инсонсозӣ ва густариши фазилат аст.

https://iqna.ir/fa/news/4198221

captcha