IQNA

Устоди донишгоҳи Лубнон дар вебинари ИКНА:

Нақши инсонсоз ва мураббигунаи занон пас аз Инқилоби Исломӣ улгуи саромад аст + филм

21:02 - February 07, 2024
рақами хабар: 1053
ИКНА - Тибқи фармоиши имом Хумайнӣ (ра) вазъияти занон дар низоми исломӣ ҷойгоҳи инсонӣ ва маъқул аст; Зан бояд дар умури асосии низоми исломӣ мушорикат дошта бошад чаро ки ӯ инсонсоз ва мураббии инсон аст. Ин вижагии зан дар андешаи имом Хумайнӣ (ра) натанҳо дар Эрон балки барои тамоми кишварҳои исломӣ улгуи саромад аст.

Ба гузориши ИКНА, бонувони таъсиргузор дар пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва нақши онҳо дар сиёнат аз ормонҳои имом Хумайнӣ раҳматуллоҳи алайҳ  дар чиҳил соли ахир, нигоҳи нав ва таҳаввулофаринро дар мавзӯъи зан, пеши рӯи дунё гузоштааст; ҳамонҳо, ки дар гумномӣ ва дар ниҳояти муҷоҳидат, талош карда ва бо гузашти чаҳор даҳа аз Инқилоби Исломӣ дар масоили иҷтимоӣ ва ҳамчунин пешрафт дар арсаҳои мухталифи илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва... чашм ҷаҳониёнро ба худ маътуф ва улгуи мутаолии занро тасбит карданд.

Дар ҳамин росто ва ҳамзамон бо пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ва дар остонаи чиҳилу панҷумин солрузи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ, вебинари байналмилалии «Зани тарози Инқилоби Исломӣ; худбоварӣ ва эҳёи ҳувияти мусулмонӣ» ба ҳиммати хабаргузории байналмилалии Қуръони (ИКНА) ва бо ҳузури коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои Ироқ, Лубнон ва Алҷазоир сешанбе, 17 баҳман баргузор шуд.

Даллол Аббос, Эроншинос ва устоди адабиёти татбиқии донишгоҳи Лубнон бо ҳузур дар ин вебинар тайи суханоне занро яке аз аҷзои тарҳи фикрӣ ва иҷтиҳодии имоми роҳил ҳазрати Хумайнӣ донист, ки дар осори гуногуни эшон аз ӯ ёд мешавад ва масъалаи нақшофаринии зан аз ҷумла кӯшишҳои фиқҳии имом Хумайнӣ (ра) муртабит бо навсозии андешаи исломӣ ва иҷтиҳод ба шакли куллӣ аст. 

код

Машрӯҳи суханронии Даллол Аббос, устоди донишгоҳи Лубнонро дар идома мехонед:

Бисмиллоҳир-раҳонир-раҳим. Салом бар бартарин фиристодагон ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва хонадони мутаҳҳараш ва ёрони баргузидааш дуруд ва раҳмати Худованд ва баракоти ӯ бар шумо бод.

Масъалаи зан назди имом Хумайнӣ аз назари ҳуқуқ, вазоиф, нақш ва ҷойгоҳ аз тасвири куллии ӯ дар бораи ҷомеаи исломӣ ҷудо нест ва дар ин тасвир зан дар тамоми саҳнаҳо ҳузури шоиста дорад.

Зан яке аз аҷзои тарҳи фикрӣ ва иҷтиҳодии имом роҳил аст ва дар осор гуногун ӯ аз он ёд мешавад; Аз назар имом Хумайнӣ (ра) масъалаи зан аз як вижагии таркибӣ бархурдор аст, ки дар он масъулияти нухбагон ва ҷомеа дар бораи вазъият ва ҷойгоҳи зан ба ҳамомехтааст.

Имом Хумайнӣ имон дошт, ки Ислом таваҷҷуҳи вижае ба зан доштааст ба ҳадде, ки ин амр шояд бештар аз таваҷҷуҳе бошад, ки ба мард дошта ва ин аз ҷумла суханони ӯст: ки таваҷҷуҳе, ки Ислом ба занон дошта ба мардон надоштааст ва тамоми саодатҳо аз домани зан оғоз мешавад ва зан бояд мабдаи тамоми саодатҳо бошад ва ӯ мазҳари таҳаққуқи омоли башар ва зан аст, ки мардон ва инсонҳои азимро тарбият мекунад ва аз домани зан аст, ки мард ба меъроҷ меравад.

Зан дар низоми исломӣ аз ҳамон ҳуқуқе бархурдор аст, ки мардон бархурдоранд, ки шомили ҳаққи таълим ва тааллум, кор, моликият, номзад ва интихоб шудан барои пустҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тамоми арсаҳо аст ва дар тамоми ин арсаҳо зан ҳақ дорад, ки нақши худро ифо кунад.

Имом Хумайнӣ имон дошт, ки муборизаи сиёсӣ бидуни мушорикати занон ҳатман шикаст хоҳад хӯрд ва самарае нахоҳад дошт ва фарде, ки ба чунин чизе имон надошта бошад имони ӯ фосид ва мунҳариф аст ва дар суханоне таъкид кард: воҷиб аст, ки занон, мардон ва уламо дар тамоми мароҳил дар канори якдигар қарор гиранд ва аҳаде ҳақ надорад, ки каломе бигӯяд, ки хоҳони дӯр сохтани занон аз иқдомоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.

Ишон занонро ба ҳамроҳ сохтани илм, амал ва таҳзиби ахлоқӣ тавсия мекард чаро, ки илм ва таҳзиб ба танҳоӣ суде надорад ва илм дар канори амал ва таҳзиб аст, ки инсон ба ҷойгоҳи инсонии худ мерасад ва ингуна имом Хумайнӣ бо афкоре, ки матраҳ кард ва андешаҳое, ки дар қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон омада натанҳо дар Эрон балки дар тамоми кишварҳои исломӣ ҷойгоҳи зани мусулмонро боло бурд ва ҳамчунин ҷойгоҳи инсонии занон дар саросари ҷаҳонро иртиқо дод.

https://iqna.ir/fa/news/4197792

captcha