Ба гузориши ИКНА, нишасти хабарии ташреҳи ҷузъиёти чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии қуръонии Эрон сешанбе 24 баҳманмоҳ бо ҳузури Ҳамиди Маҷидимеҳр, раиси ситоди баргузории ин мусобиқот баргузор мешавад.
Чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон 15 феврал дар салони иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ тайи маросиме оғоз мешавад ва то 21 феврал идома хоҳад дошт.
Ҳамчунин бо наздик шудан ба баргузории ин рӯйдоди байналмилалӣ тизери ин мусобиқот мунташир шуд. Шиори ин давра «Як китоб, як уммат, китоби муқовимат» аст. Дар ин тизер мусаллас ё флаши қирмиз, ки ба намоди истодагӣ ва тафсирӣ аз муборизаталабии муқовимати Фаластин ва мардуми мазлум ва муқовими Ғазза табдил шуда низ ба намоиш гузошта шудааст. Аломате, ки дар филмҳои мунташир шуда аз муқовимати Фаластин, замоне, ки як саҳюнистӣ ё абзор ва адавоти онро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд дар болои сари маҳалли шиллик мушаххас мешавад.