Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Middle East News", шайхи Ал-Азҳар барои аввалинбор дар нишасти баландпояи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки чаҳоршанбе, 14 июн баргузор шуд, дар бораи арзишҳои бародарии инсонӣ дар таҳаққуқи сулҳи пойдор ҳозир шуд.
Аҳмад Тайиб дар ин ҷаласа бо меҳварияти аҳамияти тақвияти арзишҳои бародарии инсонӣ, созиш, эҳтироми мутақобил ва аҳамияти он барои густариш ва тадовуми сулҳ суханроне кард, ҳамчунин ӯ дар ин суханронӣ бар паёми дин Ислом барои барқарории сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ мутамаркиз шуд.
Ин ҷаласа фурсати таърихӣ ва мунҳасир ба фарде барои тамаркуз бар нақши муҳимм ва барҷастае аст, ки раҳбарони динӣ дар тақвияти арзишҳои бародарии инсонӣ ва тақвияти сулҳ ифо мекунанд.
Ин нахустин бор аст, ки Шӯрои Амният мизбони чунин нишасте бо ҳузури нухбагон ва тасмимгирон ва раҳбарони сиёсӣ ва олитарин раҳбарони динии ҷаҳон аз ҷумла попи Франсис ва шайхи Ал-Азҳар будааст.