Ба гузориши манобе хабарӣ, ин тасмим бисёр ҷанҷолбарангез тавсиф шуда ва мумкин аст бар қавонини мушобеҳи мубтанӣ бар шариат дар дигари аёлтаҳои ин кишвар таъсир бигузорад.
Дар Малайзия, ки аксарияти он мусулмон ҳастанд, як системи ҳуқуқии дугона вуҷуд дорад, зеро қавонини исломӣ марбут ба ҷароим, аҳволи шахсия ва хонавода дар канори қавонини маданӣ барои мусулмонон эъмол мешавад.
Шӯроҳои қонунгузории аёлатӣ қавонини исломиро вазъ мекунанд, дар ҳоле, ки қавонини маданӣ тавассути маҷлиси Малайзия тасвиб мешавад.
Як ҳайати 9 нафараи додгоҳи федералӣ рӯзи гузашта, дар як иқдоми ҷанҷолбарангез, бо аксарияти ҳашт ба як, 16 модда дар қонуни кайфарии мубтанӣ бар шариат дар аёлати Калантонро лағв кард. Ин қавонин муртабит ба муҷозоти аъмоли мунофии иффат, қимор ва ҳатки ҳурмати амокини мазҳабӣ будааст. Раиси додгоҳ лағвкунандаи ин қавонин, бо тавсифи тасмими додгоҳ ба унвони ҳукми аксарият, тасреҳ кард: аёлати Калантон ҳеҷ ихтиёре барои вазъи чунин қавонине надорад ва вазъи он мшмули ихтиёроти парлумони федерал аст.
Вай афзуд: моҳияти ин қавонин мавзӯоте аст, ки дар феҳристи қавонине қарор мегиранд, ки парлумони федерал ба танҳоӣ ҳаққ дорад дар бораи он тасмимгирӣ кунад.
Иёлати Калантон, ки дуруст дар ҷануби Тайланд дар шимоли Малайзия қарор дорад, тавассути ҳизби исломии Малайзия идора мешавад, ки хоҳони иҷрои дақиқтари қавонини исломӣ аст.
Ин амр аз сӯи бисёре аз гурӯҳҳои исломӣ мавриди интиқод қарор гирифта ва онро тазъифи мавқеияти Ислом дар Малайзия тавсиф кардаанд.