Ба гузориши ИКНА, шайх Алоуддин Мансур, муфассир ва муҳаққиқи барҷастаи ӯзбак аз ҷумла барҷастатарин эҳёгарони мутолиоти қуръонӣ дар Осиёи Миёна ва соҳиби нахустин ва муҳиммтарин тарҷумаи қуръон ба забони узбакии муосир аст ва каломи Худоро низ ба забонҳои туркаманӣ, қирқизӣ, қаззоқӣ, русӣ, уйғурӣ ва қарақалпағиро тарҷума ва осори бисёре низ дар муаррифии улуми ҳадис ва дигар улуми динӣ таълиф кардааст.
Нигоҳе ба зиндагиномаи шайх Алоуддин Мансур
Шайх Алоуддин Мансур (1952-2020), муфассир ва муҳаққиқи барҷастаи ӯзбак, дар хонаводаи мазҳабӣ дар шаҳри Қарасу дар Ҷумҳурии Қирғизистон иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба дунё омад. Ҷавонии ӯ ҳамзамон бо даврони ислоҳоти фарҳангӣ дар даврони Шӯравӣ буд ва аз инру шонси инро дошт то дар сояи озодиҳои сурат гирифта, омӯзиши динии худро пай бигирад. Ӯ таҳсилоти динии худро дар Узбакистон гузаронд ва улуми исломиро ибтидо махфиёна дар шаҳри Марғилон назди шайхи Узбакистон Абдулҳаким Ато қории марғилонӣ (1905-2011 м.) омӯхт ва илова бар ин забонҳои туркаманӣ, қирқизӣ, қаззоқӣ ва русиро низ фаро гирифт.
Шайх Алоуддин Мансур нахустин фарде аст, ки Қуръони Каримро ба забони ӯзбакии муосир тарҷума кардааст. Ин тарҷума дар мусобиқае, ки тавассути идораи мазҳабии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор шуд, ба унвони бартарин тарҷума аз Қуръони Карим шинохта шуд. Ин тарҷумаи ӯзбакӣ аз Қуръони Карим дар фосилаи солҳои 1990-1991 дар маҷаллаи «Ситораи Машриқ» ва баъдҳо ба сурати китоб мунташир шуд. Тарҷумаи шайх Алоуддин Мансур аз Қуръон ба забони ӯзбакӣ дар беш аз як миллион нусха ба чоп расида ва шайх бо ҳар чоп ислоҳот ва изофоте дар матни тарҷума анҷом дод. Истиқболи бисёр густурдае аз ин асар дар миёни мусулмонони Осиёи Миёна, ки ба забони ӯзбакӣ сухан мегӯянд, нишон аз таъсири бузурги ин талоши шайх Алоуддин Мансур аст.
Шайх Алоуддин Мансур ва тарҷумаи Қуръон ба шаш забон
Тарҷумаи ӯ аз Қуръони Карим ба забони туркаманӣ дар соли 1995 мелодӣ мунташир шуд, ки аввалин тарҷума ба забони туркаманӣ маҳсуб мешавад, сипас дар соли 1999 мелодӣ тарҷумаи ӯ ба забони қирқизӣ мунташир шуд, ки ин тарҷума низ, нахустин тарҷумаи Қуръони Карим ба забони қирқизӣ буд ва дар соли 2000 мелодӣ дар 15 ҳазор нусха интишор ёфт. Дигар тарҷумаҳои ӯ аз Қуръони Карим дар соли 2003 мелодӣ ба забони уйғурӣ ва дар соли 2006 мелодӣ ба забони қаззоқӣ дар Қазоқистон чоп шудааст. Ӯ ҳамчунин бо ҳамкории Алишер Аҳмад тарҷумае аз Қуръони Карим ба забони русӣ таҳия карда ва тарҷумае низ ба забони қарақалпағӣ (яке аз забонҳои шохаи туркӣ дар Узбакистон) дорад.
Ин мутарҷими Қуръон дар соли 2000 мелодӣ маркази илмӣ барои мутолиоти қуръонӣ дар шаҳри зодгоҳи худ, Қарасу таъсис кард ва худ низ имоми ҷамоати масҷиди имом Бухорӣ дар онҷо буд. Илова бар ин як барномаи мазҳабии ҳафтагӣ дар яке аз шабакаҳои хусусии Қирғизистон иҷро мекард, ки мухотабони бисёре дар миёни мардуми кишварҳои мухталифи Осиёи Миёна дошт.
Ин олими қуръонӣ китобҳои мутааддиде дар ҳавзаи динӣ ба вижа осоре аз даврони тилоии улуми исломӣ низ таълиф кардааст.
Шайх Алоуддин Мансур талоши бисёре барои эҳёи рӯйкарди ҳақиқӣ ба Ислом ба дӯр аз ифротгароӣ дошт.
Шайх саранҷом дар соли 2020 бар асари ибтило ба вируси короно дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон даргузашт.