Ба гузориши хабаргузории Урдун, Муҳаммад Ал-Халайла вазири Авқоф ва умури исломии Урдун рӯзи гузашта ҳаҷдаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони бонувони ин кишварро ифтитоҳ кард.
Муҳаммад Ал-Халайла дар суханоне гуфт: ин мусобиқа, ки дар он 41 ширкаткунанда аз 39 кишвари арабӣ ва исломӣ рақобат мекунанд, нақши пештози Урдунро дар таваҷҷуҳ ба ҳифз, тиловат, омӯзиш ва ёдгирии Қуръони Карим нишон медиҳад.
Вай бар аҳамияти ин мусобиқа дар эҷоди ангеза барои ҳифз ва дарки Қуръон таъкид кард ва гуфт: мо дар ҷаҳони имрӯз бояд ба Қуръон, ки моро ба дурусттарин роҳҳо роҳнимоӣ мекунад ва ба мо ёд медиҳад чигуна кор кунем, бияндешем ва роҳҳои муваффақият ва масирҳои пирӯзиро дар зиндагии худ думбол кунем ниёзи мубрам дорем.
Ҳамчунин Лайс Ал-Ҳазим мудири умури бонувони ин вазоратхона дар суханоне гуфт: мусобиқоти ҳифз ва қироати Куръони Карими духтарон ва писарони Урдун Ҳошимӣ яке аз қадимитарин мусобиқоти байналмилалии Қуръон аст, ки дар соли 1993 роҳандозӣ шуда ва токунун беш аз 30 ҳазор духтар ва писар дар он мушорикат доштаанд.
Вай гуфт: ин мусобиқа, ки аз ҳимояти Малик Абдуллоҳи дуввум подшоҳи Урдун ва Малака Рония оли Абдуллоҳ бархурдор аст, маҳалле барои ҳимоят аз Қуръони Карим аз тариқи ҳифз, ёдгирӣ ва дарки мафоҳими китоби Худост.
Ин маросим бо ҳузури шайх Абдулҳофиз Ар-робита, қозиюқуззоти Урдун, сафирони кишварҳои исломӣ дар Урдун ва теъдоде аз мақомоти аршади сиёсӣ ва динии аиммаи ҷамоот ва вуъози ин кишвар баргузор шуд.
Алӣ Ал-Дақомса, сухангӯи расонаӣ вазорати Авқофи Урдун гуфт, ки ин рақобатҳо то рӯзи панҷшанбе 22 феврал идома хоҳад дошт ва дар ҷашни бузурге, ки тавассути ин вазоратхона баргузор мешавад ҷавоизе байн барандагон тавзеъ хоҳад шуд.
Ёдоварӣ мешавад, Заҳро Аббосӣ, ҳофизи кулли Қуръон ва донишҷӯи риштаи забон ва адабиёти Араби донишгоҳи Теҳрон ба унвони намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рақобатҳо ҳузур дорад.