IQNA

Тиловати Қуръон дар маросими савгандёдкунии шаҳрдори ҷадиди Чикаго

18:26 - May 20, 2023
рақами хабар: 11
Барои нахустинбор, маросими савгандёдкунии "Брэндон Ҷонсон" шаҳрдори ҷадиди Чикаго бо тиловати оёти Қуръони карим ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Ал-Масри ал-Явм", маросими савгандёдкунии Брэндон Ҷонсон, шаҳрдори ҷадиди Чикаго, барои нахустин бор бо тиловати оёти Қуръони Карим ҳамроҳ шуд.

Шайх Ҳасан Алӣ, намояндаи "Ал-Азҳар" ва мудири маркази исломии Маккаи Мукаррама воқеъ дар Чикаго дар ин маросим оёте аз Қуръони Каримро тиловат кард ва сипас суханронии кӯтоҳе дар мавриди аҳамияти адолат, сулҳ ва баробарӣ дар ислом ва ҳамаи адён баён кард. Ин суханронӣ қабл аз баёни суханронии шаҳрдори ҷадиди Чикаго сурат гирифт.

Дар маросими таҳлиф, тамоми аъзои шӯрои шаҳр ва аъзои ниҳодҳои қазоӣ, қонунгузор ва иҷроӣ иёлати Иллинойс ҳузур доштанд ва адои савганд бо ҳузури раиси додгустарӣ, додситони кулли иёлат, аъзои давлати Федерал ва руасои ниҳодҳои идорӣ ва молиётӣ анҷом гирифт.

Брэндон Ҷонсон, шаҳрдори мунтахаби ҷадид, дар суханронии оғозини худ бар аввалавиятҳои беҳдошт, омӯзиш, дастёбӣ ба амният ва кантроли ҷурм ва ҷиноят дар Чикаго таъкид кард ва хостори тахсиси будҷаи бештар барои иртиқои сатҳи зиндагии ҷавомеъи мухталифи сокини ин шаҳр, аз байн бурдани бекорӣ, коҳиши фақр ва бехонумонҳо ва идғоми муҷаддади гурӯҳҳои ҳошиянишин дар ин иёлат шуд.

Вай ҳамчунин бар аҳамияти тавзеъи муҷаддади сарват байни сафедпустон ва сиёҳпӯстон ва бақияи шаҳрвандони шаҳр аз тариқи фаъолияти иқтисодие, ки ҳамаи гурӯҳҳо ва нажодҳоро ҷазб мекунад, таъкид кард.

Сомеҳ Абул-Айнин, сарконсули Миср дар Чикаго ва иёлатҳои ғарбии Амрико низ, ба даъвати дафтари шаҳрдор, дар маросими савгандёдкунии "Брэндон Ҷонсон", шаҳрдори ҷадиди Чикаго дар ин шаҳр ширкат кард. Маросими савгандёдкунӣ дар маркази ҳамоишҳои Чикаго дар маркази шаҳр, дар канори сохтумони таърихии Шӯрои шаҳр баргузор шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4141625

captcha