IQNA

Дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон

Қориён ва ҳофизони финалисти мусобиқоти Қуръон таъйин шуданд

20:32 - February 20, 2024
рақами хабар: 1108
ИКНА - Асомии финалистҳои чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду риштаи қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръони оқоён аз сӯи ҳайати доварон эълом шуд.

Ба гузориши ИКНА, асомии финалистҳои чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду риштаи қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръон дар бахши оқоён аз сӯи ҳайати доварон эълом шуд.

Асомии финалистҳои қироати таҳқиқ

Ҳодии Асфидонӣ- Эрон

Мустафо Алӣ- Нидерланд

Мустафо Баранун- Тайланд

Муҳаммад Садид- Сингапур

Абдуллоҳ Заҳир Ҳоди- Ироқ

Эмин Резвон- Малайзия

Асомии финалистҳои ҳифзи кулли Қуръон 

Умедризо Раҳимӣ- Эрон 

Ёсир Ал-Аҳмад- Сурия

Соҳирнофиз Муҳаммад Асмир- Фаластин

Убайдуллоҳ Бубакронғу- Нигерия

Бурҳонуддин Раҳимов- Русия

Ҳузайфа Қурайшӣ- Алҷазоир

Абдулқодир ибни Марвон ибни Абдулқодир Сақъа- Арабистон

Ёдовар мешавад, оини ифтитоҳияи чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбе, 26 баҳманмоҳ баргузор шуд.

Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши оқоён ва писарон дар риштаҳои қироати таҳқиқ, қироати тартил ва ҳифзи кул тайи 27 баҳман то 1 исфандмоҳ, баъд аз зӯҳрҳо аз соати 15 то 21 ва дар бахши бонувон ва духтарон дар риштаҳои қироати тартил ва ҳифзи кулли Қуръон тайи 28 то 30 баҳман субҳҳо соати 9 то 12 баргузор мешавад.

Маросими ихтитомия ва эъломи нафароти бартари дуввуми исфандмоҳ бо ҳузури раисҷумҳури Эрон аз соати 15 то 17 дар ҳамин маҳал баргузор шуда ва рӯзи панҷшанбе, севвуми исфандмоҳ, мутасобиқон ба ҳамроҳи аъзои ҳайати доварони ин давра ба маҳзари раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон мерасанд.

https://iqna.ir/fa/news/4200872

captcha