IQNA

Савғоти қории лубнонӣ барои миллат ва раҳбари азимушшаъни Эрон чӣ буд?

7:29 - February 25, 2024
рақами хабар: 1125
ИКНА - Бонуи қории Қуръони лубнонӣ, ки дар мусобиқоти Қуръони Карими Эрон ширкат карда ва аз нависандагони китоби «Шарофот Алал-Туфон» ба ҳисоб меояд бо тақдими ин китоб ба миллати Эрон ибрози умедворӣ кард, ки ин савғоти фарҳангӣ ба дасти мақоми муаззами раҳбарӣ ҳам бирасад.

Ба гузориши ИКНА, хонуми Зуҳо Балут, ки дар риштаи қироати бахши бонувони чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Эрон ширкат карда ва ҷузъи нависандагони китоби «Шарофот Алал-Туфон» бо мавзӯъи амалиёти муқовимати исломии Фаластин (Тӯфони Ал-Ақсо) аст дар гуфтугӯ бо ИКНА дар бораи далоиле, ки ба ҷамъи нависандагони ин китоб пайвастааст гуфт: далели аслие, ки маро водошт то дар нигориши китоби «Шарофот Алал-Туфон» мушорикат дошта бошам; Китобе, ки аз сӯи интишороти маҷмаъи Ибдои Байрут мунташир шуда, ин будааст, ки он чи аз омӯзаҳои Қуръон ва дини Исломро фарогирифтам ба дигарон арза кунам. Чаро, ки дар ҳадис омадааст, ки «من لایهتم بامور المسلمین فلیس مسلم: Касе, ки ба масоили мусулмонон таваҷҷуҳе надошта бошад мусулмон нест».

Вай афзуд: ҳамчунин ёрии ҳақ ва ҳақиқат ва кумак ба мустазъафон аз дигар ангезаҳо барои нигориши ин китоб будааст. Мардуми Ғазза дар маърази таҷовузи режими саҳюнистӣ ҳастанд, таҷовузи золимона, ки боиси қатл, куштор ва оворагии онҳо шудааст. Ман аз боби ёрии мазлум буд, ки тасмим гирифтам ба нигориши ин китоб рӯй оварм то паёми онро ба ҷаҳониён бирасонам. 

Зуҳо Балут дар бораи тамоюли худ ба муаррифии ин китоб ба мухотабони эронӣ гуфт: ҳақиқат ин аст, ки қасд доштам, ки ин китобро, ки дар бардорндаи қиссаҳои кӯтоҳ ба ривояти донишомӯзон ва донишҷӯёни лубнонӣ аст ва ман ҳам як достон дар он дорам ба Эрон бирасонам. Барои ин ки он чи, ки моро бо Эрон дар канори ҳам ҷамъ мекунад, асли ҷиҳод ва ёрии мазлум аст.

Зуҳо Балут хотирнишон кард: хушбахтона ва бо тавфиқи илоҳӣ ин китоб ба забони форсӣ тарҷума шудааст ва ман тамоюл дорам ба ин мавзӯъ ишора кунам, ки ин китоб танҳо дар муддати 10 рӯз омода шудааст ва тамоми касоне, ки дар заминаи нигориш, саҳифабандӣ, тарроҳии ҷилд ва интишори ин китоб нақш доштаанд ҳамагӣ афроди довталабе буданд, ки бо интишороти Маҷмаул Ибдоӣ ҳамкорӣ карданд ва ҳадаф аз нигориши ин китоб тақдими он ба мардуми Ғазза буда то ба онҳо эълом кунем, ки аз онҳо ҳимоят ва пуштибонӣ мекунем.

Вай бо ибрози умедворӣ дар бораи расидани ин китоб ба дасти мақоми муаззами раҳбарӣ гуфт: ҳамонгуна, ки гуфтам ин китоб ба забони форсӣ тарҷума шудааст ва Иншоаллоҳ ба дасти раҳбари азимушшаъни Инқилоби Исломӣ хоҳад расид. Ман хоҳиш мекунам, ки ин иттифоқ рух диҳад; Чаро ки ин як паём аз сӯи мо барои раҳбари Инқилоб ва паёме аст аз мо барои ишон мабни бар инки бар аҳде, ки бастаем пойбанд ҳастем. Ишон ба унвони раҳбар дастур медиҳанд ва мо итоат мекунем.

 

دوست دارم کتابمان به دست مقام معظم رهبری برسد/ خانم بصیری

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4201246

captcha