Ба гузориши ИКНА, устоди Сайид Ҳасанайн Ал-Ҳулв, довари ироқӣ ва қории остонҳои муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ (а) ва ҳамчунин довари барномаи телевизионии «Маҳфил» , ки аз шабакаи 3 телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шудааст, дар гуфтугӯ бо ИКНА гуфт: ман барои хабаргузории ИКНА бисёр арзиш қоил ҳастам ва ахбори онро, ки дар бораи масоили қуръонӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон Ислом аст пайгирӣ мекунам.
Вай дар ин гуфтугӯ худро ингуна муаррифӣ кард: ман ходими Қуръони Карим аз Ироқ ва ходими ҳарами ҳазрати Аббос (а) ҳастам. Мудири маркази прайектҳои қуръонии маҷмаъи илмии Қуръони Карими вобаста ба остони муқаддаси Аббосӣ ҳастам ва унвоне, ки ифтихори ташарруфи онро дорам, қорӣ ва муаззини ҳарамайни имом Ҳусайн ва ҳазрат Аббос (а) аст.
Ин довари ироқӣ дар бораи чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, гуфт: мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, ҳарсол пешрафти қобили мулоҳизае мекунад, чӣ аз лиҳози ширкаткунандагони ҳофиз ва қорӣ ва чӣ аз лиҳози теъдоди кишварҳои ширкаткунанда, ки имсол беш аз 100 кишвар дар ин мусобиқот ширкат кардаанд.
Вай бо баён инки сатҳи ҳуффоз ва қориён низ рушди зиёде доштааст гуфт: дар чандин соли гузашта шоҳиди мушорикати заифи бархе кишварҳо будем, аммо дар солҳои ахир шоҳиди рушди ҳузури ширкаткунандагон аз кишварҳои дӯр ҳатто кишварҳое будаем, ки зиёд ба масъалаи тиловати Қуръон аҳамият намедиҳанд. Лизо бо мушорикати ин кишварҳо шоҳиди рушди қобили мулоҳизае дар заминаи қироат ва ҳифзи Қуръон ҳастем.
Сайид Ҳасанайн Ал-Ҳулв, дар бораи фаолиятҳои қуръонии атаботи муқаддаса дар Ироқ изҳор кард: ҳар як аз атаботи муқаддаса дорои маҷмӯаҳои қуръонии комиле аст ва ҳар як аз онҳо фаолиятҳои мушаххаси қуръонӣ дар заминаҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ ва амсоли он доранд. Дар остони муқаддаси Аббосӣ низ созмоне бо унвони маҷмаи илмии Қуръони Карим вуҷуд дорад, ки дар канори бахшҳои идорӣ вобаста, шомили маҷмӯаҳои ҳирфаӣ аз ҷумла омӯзишгоҳҳои Қуръони Карим дар устонҳо аст ва ҳамчунин марокизе дар сутӯҳи олӣ ва ҳирфаӣ вуҷуд дорад. Масалан маркази праектҳои қуръонӣ ба қироати Қуръони Карим эҳтимом меварзад ва маҷмӯае аз қориёнро гирд овардааст, ки дар мусобиқоти миллӣ ва байналмилалӣ ширкат мекунанд ва ҳамчунин дорои праектҳои бисёр вижаи қироати Қуръони Карим аст.
Марказ низ махсуси чоп ва нашри Қуръони Карим ва ҳамчунин маркази вижаи улум ва мафоҳими қуръонӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин тартиб ҳар як аз атабот дорои созмонҳое дар ин росто ҳастанд.
Ал-Ҳулв дар заминаи барномаҳои вижаи остони муқаддаси Аббосӣ низ гуфт: остони Аббосӣ барномаи комиле барои таблиғи Қуръон дар хориҷи Ироқ дорад ва ба зудӣ дар кишварҳои африқоӣ маҳрум ва ғайри маҳрум ва ҳамчунин дигар кишварҳо монанди Лубнон иҷро мекунад.
Вай дар поён таъкид кард: дидорҳои кӯтоҳе, ки дар байни мусобиқот анҷом мешавад заминаи муносибе барои ваҳдати уммати исломӣ ва тақвияти равобит миёни кишварҳои мухталиф эҷод мекунад.