Ба гузориши ИКНА, як гардишгари аврупоӣ бо интишори видеое аз қуръонхонии дастаҷамъии кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: вақте дар сафар ба Африқои Марказӣ нимашаб аз дили як минтақаи биёбонӣ убур мекардам наҷвои зебо ва гӯшнавозе таваҷҷуҳи маро ҷалб кард. Наздиктар шудам то бубинам ин садо аз куҷост. Ҳалқае аз кӯдаконро дидам, ки нимашаб гирди оташе нишаста ва Қуръонро [оёти 30 то 34 сураи муборакаи Марям(с)] ба сурати ҷамъӣ ва бо савти зебо тиловат мекунанд.
Кӯдакони африқоӣ дар атрофи шаҳри Банггӣ, пойтахти Африқои Марказӣ барои ҳифз ва ёдгирии Қуръони Карим дар мактабхонаи суннатӣ рӯи тахтаҳои чӯбӣ омӯзиш мебинанд. Даҳҳо донишомӯзи духтар ва писар дар ин мадраса, ки аз ибтидоитарин имконот барои таҳсил бархурдор нестанд бидуни дафтар ва китоб ҳифзи Қуръонро фаромегиранд.
Дар ин синф оёти Қуръон рӯи тахта ё лавҳҳои чӯбӣ навишта мешавад ва пас аз инки донишомӯзон ин оётро ҳифз карданд пок мешаванд ва оёти дигар навишта мешавад.
Аз гузаштаҳои дӯр китобат бар рӯи лавҳҳои чубӣ ва сангӣ яке аз муассиртарин равишҳои ҳифзи Қуръон ба ҳисоб меомад ва шеваи корбурдӣ барои ҳифзи Қуръон дар аксари манотиқи Африқо маҳсуб мешавад. Ҳамакнун низ ин равиш мавриди истифодаи хеле аз қуръондӯстон дар кишварҳои африқоӣ аст ва бачаҳо аз панҷ то 18 солагӣ ба ин равиш, кулли Қуръонро ҳифз мекунанд.
Дар идома ин видеоро мушоҳида мекунед.