IQNA

Шаҳрдори Лондон: ба мусулмон будани худ ифтихор мекунам

21:36 - March 01, 2024
рақами хабар: 1151
ИКНА - Содиқхон, шаҳрдори Лондон дар вокуниш ба тавҳини як узви парлумони Англис ба ӯ гуфт, ки ба мусулмон будани худ ифтихор мекунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза боис шудааст то дар Англис тундравҳои узви давлат аз шаҳрдории мусулмони Лондон интиқод карда ва ба ӯ тавҳин кунанд.

Оливер Додон, муовини нахуствазири Англис дар мусоҳиба бо BBC изҳороти Ли Андерсон, намояндаи муҳофизакори парлумон, ки дар он аз шаҳрдори Лондон интиқод карда будро рад кард ва гуфт, ки иштибоҳ аз Ли Андерсон буда, ки узрхоҳӣ накардааст.

Дар ҳамин робита давлати узвияти Ли Андерсон дар парлумонро ба ҳолати таълиқ дароварда буд, зеро ӯ аз шаҳрдори Лондон бобати суханоне, ки алайҳи ӯ матраҳ карда буд узрхоҳӣ накардааст.

Ли Андерсон, Содиқхон шаҳрдори Лондонро ба унвони фардие, ки таҳти нуфузи исломгароён аст, тавсиф карда буд.

Ли Андерсон дар соли 2019 аз ҳавзаи интихобияи Шафилд ва ба унвони узви ҳизби муҳофизакори як курсӣ дар парлумон ба даст овард, аммо пас аз тасмим ба таълиқи узвияти ӯ дар ҳизби муҳофизакор, акнун ба унвони намояндаи мустақили парлумон талаққӣ мешавад.

Содиқхон аз соли 2016 шаҳрдори Лондон аст. Ӯ як сиёсатмадори мусулмони англисии покистониюл асл ва аз аъзои ҳизби коргар аст. Ӯ аввалин мусулмони англисӣ буд, ки ба ин симат расид ва ҳамчунин аз соли 2005 намояндаи парлумон дар ҳавзаи интихобияи Tooting-и Лондон буд.

https://iqna.ir/fa/news/4202531

captcha