IQNA

Намоиши Қуръони хаттии нодири Марокаш дар китобхонаи миллии Қатар

6:55 - March 03, 2024
рақами хабар: 1156
ИКНА- Дар бахши мероси китобхонаи миллии Қатар, нусхае аз Қуръони хаттии нодири Марокаш ба чашм мехӯрад, ки барои ҳифзи он аз аворизи табиӣ дар маҳфазаи шишаоӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бахши мероси китобхонаи миллии Қатар, ки ба унвони яке аз китобхонаҳои пешрав дар минтақаи Ғарби Осиё шинохта мешавад шуморе аз нусхаҳои кутуби хаттӣ, акс ва кутуби таърихии дастнависи Марокаш аз ҷумла нусхаи хаттӣ аз Қуръони камёб дар маҳфазаи шишаоӣ ба намоиш гузошта шудааст. 

Ин мусҳафи нодир, ки таърихи он ба 1950 мелодӣ бозмегардад, намунаи зебо аз суннатҳои нусхабардорӣ дар мағриби исломӣ буда ва дар ҳунари тазҳиб ва зебонависӣ камназир аст. 

نمایش قرآن خطی نادر مراکش در کتابخانه ملی قطر

Ин нусхаи Қуръони хаттӣ мутааллиқ ба китобхонаи шайх Абдусслом ибни Машяш (559қ - 626 қ / 1163 - 1228 м) олими сӯфӣ буд, ки дар замони хилофати муваҳҳидин дар Марокаш мезист ва ҷузъи нусхаҳои хаттии нодири кишвари Марокаш ба шумор меравад ва намунаи зебо аз ҳунари таърихии тазҳибро ба намоиш мегузорад.

نمایش قرآن خطی نادر مراکش در کتابخانه ملی قطر

Тазҳибро метавон маҷмӯае аз нақшаҳои бадеъ ва зебо донист, ки наққошон барои ҳар чӣ зебо кардани китобҳои мазҳабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, девони ашъор ва қитъаҳои зебои хат ба кор мебаранд. 

Ба ин тартиб аст, ки канораҳо ва атрофи сафҳаҳо, бо тарҳҳое аз шохаҳо ва бандҳои аслимӣ, соқа, гулҳо ва баргҳои хитоӣ, шохаҳои аслимӣ ва ё бандҳои ислимӣ ва хитоӣ ва... музайян мешаванд.

Нусхае аз хушнависӣ ва тазъиноти китоби Қуръони Карим, ки эҳтимол меравад дар нимаи аввали қарни нуздаҳум навишта шуда бошад дар Марокаш таҳия шудааст.

Дар канори ин мусҳаф китобхонаи миллии Қатар нусхаи нодире аз китоби Сираи занони муъминаи Паёмбар (с)-ро, ки таърихи он ба сол 1213 м бозмегардад ба намоиш гузошта шудааст.

Дар бахши дигаре аз ин китобхона таълифоти дигар аз кутуби нодири ҳамчун донишномаҳо ва фарҳангҳои луғат, китобҳои фалсафӣ, равоншиносӣ ва адён, таърих тамаддун, китобҳои сира, таърихи ҷаҳон, инсоншиносӣ, омӯзишӣ, мусиқӣ, ҳунарҳои зебо, достонҳои мусаввар ва қонун низ мавҷуд аст.

نمایش قرآن خطی نادر مراکش در کتابخانه ملی قطر

https://iqna.ir/fa/news/4203007

captcha