IQNA

Фаттоҳ музаи қуръонии "Байтул-Ҳамд" дар Кувайт

21:43 - March 04, 2024
рақами хабар: 1166
ИКНА - Музаи қуръонии "Байтул-Ҳамд" дар Кувайт бо ҳимояти дабирхонаи вазорати Авқоф ин кишвар ва ҳамкории анҷумани Қуръон ва суннати набавӣ ба унвони яке аз муҳиммтарин тарҳҳои қуръонии ин кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, музаи қуръонии "Байтул-Ҳамд" дар Кувайт бо ҳимояти дабирхонаи вазорати Авқофи ин кишвар ва ҳамкории анҷумани Қуръони Карим ба унвони яке аз муҳиммтарин тарҳҳои қуръонии ин кишвар ифтитоҳ шуд. Ифтитоҳи ин муза дар моҳи феврал аз он рӯ сурат гирифта, ки бештари ҷашнҳо ва муносибатҳои миллии Кувайт дар ин моҳ қарор дорад.

Дар маросими ифтитоҳияи ин муза, Носир Алҳамд, сарпарасти дабирхонаи кулли Авқоф, Фаҳд Алдаҳонӣ, мудири анҷумани Қуръони Карим, улуми қуръонӣ ва суннати набавӣ ва ҳамчунин Маъраб Яъқуб, мудири идораи сандуқҳои вақфи Кувайт низ ҳузур доштанд.

Алдаҳонӣ пештар музаи "Байтул-Ҳамд"-ро яке аз нуқоти атфи тавсеаи фарҳангӣ дар кишвари Кувайт тавсиф карда буд, ки бо таваҷҷуҳ ба хонаҳои таърихии Кувайт тарроҳӣ шудааст.

Алдаҳонӣ бо баёни инки ин муза бо меҳварияти намоиши таърихии Қуръони Карим аз даврони оғозини Ислом то даврони муосир роҳандозӣ шудааст, тасреҳ кард: ин намоишгоҳ иқдомоти илмӣ ва ҳунарӣ дар заминаи ҳифз ва китобати Қуръонро барҷаста ва аз сӯе осор ва дастовардҳои шохиси уламои кишвар дар хусуси ин китоби муқаддасро ба умуми боздидкунндагон арза мекунад.

Вай хотирнишон кард: ин муза бо ҳадафи ташвеқи ёдгирӣ ва қироати Қуръон аз тариқи як тарҳи илмии тамаддунӣ барои тамоми гурӯҳҳои синнӣ ва тарвиҷ ва ҳимоят аз фаолиятҳои фарҳангӣ, суханрониҳо ва семинарҳо бо ҳадафи густариши маориф ва мероси исломӣ барпо мешавад.

Ба гуфтаи мудири анҷумани Қуръони Карим, улуми қуръонӣ ва суннати набавии Кувайти ин муза ҳамчунин бо ҳадафи тарвиҷ ва ҳимоят аз пажӯҳишҳои донишгоҳӣ ва мутолиоти муҳаққиқони улуми қуръонӣ ва тақвияти мутолиоти таърихӣ ва бостоншиносӣ барои ҳифзи бозёбӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои қадимӣ ва интишори китоб ва соири матолиб дар мавриди Қуръони Карим ва соири мавзӯъоти муртабит бо мероси исломӣ, барпо шудааст.

Алдаҳонӣ баён кард: ин муза шомили панҷ салони аслӣ; омӯзишӣ, самъӣ ва басарӣ, пазироӣ, дафтари идорӣ ва як салони вижаи нигаҳдорӣ аз маҷмӯаҳои арзишманд, мусҳафҳои хаттӣ, чопӣ ва тасвирбардорӣ шудааст.

Вай аз тамоми шахсиятҳо, донишгоҳиён, рӯҳониюн, туллоб, донишҷуён ва коршиносон даъват кард то аз ин муза дидан кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4203227

captcha