Ба гузориши рӯзномаи Раъюл Явм, гурӯҳҳои фаластинӣ хоҳони мушорикати ҳамаи виҷдонҳои бедор дар кампайни ҷаҳонии "Тӯфони Рамазон" ва созмондеҳии эътисоб ва корпартой дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳамбстагӣ бо Ғазза шуданд.
Ин гурӯҳҳо дар баёнияе кампайни ҷаҳонии "Тӯфони Рамазон"-ро эълом карданд ва хостори мушорикат дар он шуданд.
Ба навиштаи рӯзномаи Раъю Явм, гурӯҳҳои фаластинӣ имрӯз якшанбе аз тамоми виҷдонҳои бедор дар саросари ҷаҳон хостанд бузургтарин хезиши расмӣ ва мардумиро дар сатҳи миллӣ, минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ кунанд.
Ин гурӯҳҳо бар лузуми ҳимоят аз масъалаи Фаластин, эъмоли фишор барои таваққуфи ҷанги Ғазза ва шикасти тарҳҳои режими саҳюнистӣ таъкид карданд.
Гурӯҳҳои фаластинӣ хостори ин шуданд, ки ин хезиш шомили фаол кардани таҳримҳо дар ҳамаи ашколи он, қатъи тамоми тадорукоти ишғолгарон ва эъломи эътисоб ва корпартоӣ дар ҳамаи пойтахтҳо ва шаҳрҳо бошад.
Онҳо дар баёнияи худ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои озодӣ ва таъйини сарнавишт, бозгашт ба сарзамин ва хонаи худ ва ташкили кишвари мустақил бо пойтахтии Қудс таъкид карданд.
Ин гурӯҳҳо эълом карданд аз меҳвари муқовимат дар муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва берун рондани он аз Фаластин ҳимоят мекунанд ва бар лузуми эҳёи муқовимат дар ҳамаи ашколи он дар ҳамаи арсаҳо ва ҷабҳаҳо таъкид карданд.
Гурӯҳҳои фаластинӣ эълом карданд, ки режими саҳюнистӣ бо шаҳраксозӣ ва ҳамалоти мустамар, Каронаи Бохтариро ҳадаф қарор медиҳад, Қудсро бо тарҳи яҳудисозӣ, масҷидулақсо ва муқаддасоти исломӣ ва масеҳиро бо ҳатки ҳурмат, юриш ва мумониат аз иқомаи намоз маврид ҳадаф қарор медиҳад.
Дар баёнияи гурӯҳҳои фаластинӣ ба табъизи нажодӣ ва поксозии қавмӣ алайҳи миллати Фаластин дар арози ишғолии Фаластин, густариши режими ишғолгар дар колбуди уммати арабӣ, исломӣ ва саросари ҷаҳон ишора шудааст.
Вазири мерос ва гардишгарии режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд бояд истилоҳи моҳи Рамазон ва тарси ин режим аз ин моҳ пок шавад.
Иттилооти амниятии дарзёфта нишон медиҳад Телавив ба далели ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ва маҳдудиятҳое, ки кобинаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ қасд дорад дар бораи Масҷидулақсо эъмол кунад, аз инфиҷори вазъият дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ дар моҳи мубораки Рамазон ҳарос дорад.